Ва аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, пеш аз он ки марг ба суроғи яке аз шумо ояд ва бигӯяд: «Парвардигоро, эй кош [марги] маро муддати каме ба таъхир меандохтӣ, то [дар роҳи ту] садақа диҳам ва аз накукорон бошам»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
10. Аз он чӣ (ризқу) рӯзиятон додем, (эй мӯъминон) дар роҳи Аллоҳ садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад (ва нишонаҳои онро мушоҳида кунад) ва (бо пушаймонӣ) бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам аз моли худ ва аз зумраи шоистагони тақводор бошам?»
الترجمة الطاجيكية
وَأَنفِقُواْ مِن مَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Аз он чӣ рӯзиятон додаем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке' аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд; «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»
Tajik - Tajik translation