Ва ӯро аз ҷойе, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад; ва ҳар кас бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло фармони худро ба анҷом мерасонад. Мусалламан, Аллоҳ таоло барои ҳар чизе андозае қарор додааст.
الترجمة الطاجيكية - عارفي
3. Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, сабабҳои ба даст овардани ризқу рӯзиро ба ӯ осон мегардонад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист дар анҷоми тамоми корҳо. Ҳароина, Аллоҳ кори худро
ба иҷро мерасонад(1). Ҳамоно Аллоҳ барои ҳар чиз (яъне аз сахтиҳо ва осудаҳолиҳо) як андозаву миқдори муайянро муқаррар кардааст.(2)
____________________
1. Яъне, чизе аз Ӯ таъоло фавт нашавад ва чизе Ӯро оҷиз накунад. 2. Тафсири Табарӣ 8\152

الترجمة الطاجيكية
وَيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُۚ وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بَٰلِغُ أَمۡرِهِۦۚ قَدۡ جَعَلَ ٱللَّهُ لِكُلِّ شَيۡءٖ قَدۡرٗا
ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кофист. Худо кори худро ба иҷро мерасонад ва ҳар чизро андозае қарор додааст.
Tajik - Tajik translation