ترجمة معاني سورة المؤمنون باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминоне, ки ба Аллоҳу расулаш тасдиқкунанда ва ба шариаташ амалкунандаанд:
2. касоне, ки сифатҳояшон ин аст, ки дар намозашон фурӯтан(1) ҳастанд
____________________
1. Дилашон дар баробари Аллоҳ ҳозир аст.
3. ва касоне, ки аз гуфтору кирдори беҳуда рӯй мегардонанд
4. ва касоне, ки закоти ҳамаи
молашонро мепардозанд
5. ва касоне, ки шармгоҳи худро аз зино ва лавотат нигоҳ медоранд,
6. ҷуз бо ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ (ҳамбистарӣ) бо онон мавриди маломат қарор намегиранд.
7. Ва касоне, ки ғайр аз ин ду роҳи машрӯъро биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд ва худро дучори азоби Аллоҳ кардаанд
8.       ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоят мекунанд.
9.       ва касоне, ки ҳамеша намозҳояшонро дар вақтҳои муайян бо шароит ва арконаш анҷомдиҳандаанд,
10.   касоне, ки дорои ин сифатҳо ҳастанд, онон меросбаронанд,
11.   ки дараҷаҳои олии ҷаннатро, ба мерос мебаранд ва онҳо ҳамеша дар он ҷовидонанд.
12.   Албатта, Мо инсонро аз гили бардошташуда аз тамоми замин офаридем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\14
13.   Сипас ӯро ба сурати нутфае дар ҷойгоҳи устувор қарор додем, ки он раҳми занон аст.
14.   Сипас аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; баъд аз он бори дигар ӯро ба офариниши дигаре офаридем. Пас пурбаракат ва бузургвор аст Аллоҳе, ки беҳтарини офаринандагон аст!
15.   Ва баъд аз ин офариниш ҳамаи шумо хоҳед мурд.
16.   Баъд аз он баъди марг дар рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо зинда мегардед.
17.   Ва ба ростӣ, ки бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки Мо аз офариниш ғофил набудаем ва фаромӯш накардаем.
18.   Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем. (Ин оят барои ситамкорон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.)
19.   Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.
20.   Ва низ дарахти зайтунро биофаридем, ки дар Тӯри Сино(1) мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.
____________________
1. Тӯри Сино- Тӯр, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (алайҳиссалом) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.
21.    Ва ба ростӣ, барои шумо дар чорпоён (ба мисли шутур, гов ва гӯсфанд) ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо менӯшонем ва аз онҳо фоидаҳои бисёр мебаред (ба мисли пӯст ва мӯйи онҳо) ва аз гӯшту чарбуи онҳо мехӯред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\549
22.    Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.
23.    Ба таҳқиқ, Нӯҳро барои даъвати тавҳид ба сӯи қавмаш фиристодем. Гуфт (барояшон): «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед. Шумо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\415
24.    Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ мехост, ҳатман фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизро аз падарони пешини худ нашунидаем.
25.    Ӯ марди девонае беш нест. Пас муддате дар бораи ӯ сабр кунед».
26.   (Нӯҳ) гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».
27.   Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро зери назари Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад, (яъне, замин пур аз об шуд), аз ҳар ҷинсе ҷуфте нару модаро ва низ касони худро ба он бибар. Магар аз онҳо касеро, ки аз пеш гуфтаи Ҳақ ваъдаи ҳалок бар ӯ муқаррар шудааст.(1) Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.
____________________
1. Монанди фарзанди Нуҳ ва занаш, ки ба ҳалокат гирифтор шуданд.
28.   Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед ва аз ғарқ шудан эмин мондед, бигӯ: «Сипос Аллоҳро, ки моро аз қавми кофирон наҷот дод».
29.   Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарин фурудоварандагонӣ».
30.   Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва далолат бар ин мекунад, ки танҳо маъбуди ҳақиқӣ Аллоҳ аст ва ҳамоно Мо
танҳо озмоишкунанда будем.
31.   Сипас баъд аз онҳо мардуми дигареро ба вуҷуд овардем.
32.   Пас аз худашон паёмбаре ба миёнашон фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед, зеро ҷуз Ӯ маъбуди ба ҳаққе надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед вақте ки ғайри Ӯро мепарастед?
33.   Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва онҳоро дар зиндагонии дунё нозу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин марде, ки шуморо ба яктопарастӣ даъват менамояд, инсонест монанди шумо, аз он чизҳое ки мехӯред, мехӯрад ва аз он чизҳое, ки меошомед, меошомад.
34.   Ва агар ба инсоне ҳаммонанди худ итоъат кунед ва маъбудони худро тарк намоед, ба дурустӣ, ки он гоҳ шумо зиёнкор бошед.
35.   Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки ҳамоно шумо чун мурдед ва хоку устухонҳои пӯсида шудед, шумо бори дигар аз гӯр берун оварда мешавед?
36.    Ин ваъдае(1), ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!
____________________
1. Яъне, ки шумо баъд аз маргатон аз зери қабр берун оварда мешавед ва ду бора зинда мешавед.
37.    Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо чизе нест, ба дунё меоему мемирем ва ҳаргиз дигарбор зинда нахоҳем шуд.
38.    Ӯ ба ҷуз марде, ки бар Аллоҳ дурӯғ бастааст, (каси дигар) нест ва мо ба гуфтаҳои ӯ имон намеоварем».
39.    (Паёмбарашон) гуфт :«Эй Парвардигори ман, акнун ки маро дурӯғгӯ мебароранд, ёриам кун!»
40.    (Аллоҳ дар ҷавоб) гуфт:
«Пас аз андак замоне инҳо такзибкунандагон пушаймон мешаванд».
41.    Пас наистода буданд, ки мувофиқи ваъдаи ба ҳақ бонги сахте омад ва ононро фурӯ гирифт. Ва ононро монанди хошоке бар селоб қарор додем. Пас қавми ситамкор, аз раҳмати Аллоҳ дуру нобуд бод!
42.    Сипас қавмҳои дигареро баъд аз онҳо падид овардем, (мисли Лут, Шуъайб, Аюб ва Юнус алайҳимуссалом).
43.   Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад.
44.   Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба умматаш омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ахбори ононро мояи ибрати дигарон намудем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд ва паёмбаронро итоъат намекунанд дурӣ аз раҳмати Аллоҳ бод!
45.   Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ (1) ва далелҳои равшан фиристодем;
____________________
1. Яъне, асо, даст, малах, шабушк, қурбоққа, хун, туфон, қаҳти ва нуқсони
меваҳо.
46.   ба сӯи Фиръавн ҳокими Миср ва бузургони қавмаш ба монанди Ҳомон. Пас аз имон овардан ба Мӯсо ва бародараш Ҳорун гарданкашӣ карданд, зеро онҳо мардуми худписанди бартариҷӯй буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\552
47.   Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон, ки мутеъ ва фармонбардори мо буданд, имон биёварем?»
48.   Пас, Мӯсо ва Ҳорунро дурӯғгӯ бароварданд ва худро дар баҳр ба ҳалокат афканданд.
49.   Албатта, Мо ба Мӯсо китоби Таврот додем, бошад, ки Банӣ Исроил ҳидоят шаванд.
50.   Ва писари Марям(1) ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланди устувор ва бархӯрдор аз оби равон, ҷой додем.
____________________
1. Яъне, ӯро бе падар офаридем.
51.   Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву ҳалол бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки бе гумон Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам! Ва аз аъмоли шумо чизе бар Ман пинҳон намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\40
52.   Эй Паёмбарон албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дурӣ ҷустан аз бимкардаҳои Ман.
53.   Пас, дини худро фирқа- фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буданд ва онҳо ба дониш ва дине, ки доштанд, дилхуш буданд ва гумон мебурданд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон бар гумроҳианд(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\553
54.   Пас, ононро бигузор, то муддати замоне дар ҷаҳолат ва гумроҳияшон бимонанд.
55.   Оё инҳо кофирон мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додаем,
56.   ба хотири он аст, ки барояшон дар некиҳо саъй мекунем? На, чунин нест, балки онон дарнамеёбанд, ки Мо онҳоро мӯҳлат медиҳем!
57.   Бегумон онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд
58.   ва онҳое, ки ба оёти каломи Парвардигорашон имон меоваранд ва ба он амал мекунанд
59.   ва онҳое, ки (Аллоҳро якка ва ягона ибодат мекунанд) ва ба Парвардигорашон ширк намеоваранд
60.   ва онҳое, ки дар роҳи Аллоҳ он чиро бояд бидиҳанд, медиҳанд ва боз ҳам (ба ин ҳол) дилҳояшон тарсону ҳаросон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,
61.   Оре, инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.
62.   Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунем.
Ва назди Мо китобест(1), ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ҳеҷ зулму ситаме намешавад.
____________________
1. Ва он китоб Лавҳи Маҳфуз аст, ки ҳама чиз дар он сабт шудааст.
63.   Балки, дилҳояшон аз ин сухани ҳақ (Қуръон) дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳо ғайр аз ин амали ширкашон корҳои зишти дигаре доранд, ки онро дар оянда анҷом медиҳанд. Пас, ба ин сабаб худро дучори ғазаб ва азоби Парвардигорашон мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
64.   То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон доду фарёд зананд.
65.    Ба онҳо гӯем: Имрӯз доду фарёд сар надиҳед, ки шумо наметавонед, ки худро ёрӣ диҳед ва аз сӯи Мо ёрӣ ва кӯмак намешавед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\51
66.    Зеро оёти Ман бароятон хонда мешуд, то ин ки ба он имон оваред, вале шумо намепазируфтед ва ба ақиб бармегаштед.
67.    Дар ҳоле ки дар баробари Байтулҳаром (Каъба) такаббур мекардед ва мегуфтед, ки ҳеҷ кас наметавонад бар мо ғолиб шавад, зеро мо аҳли ҳарам ва ходимони он ҳастем ва ҳангоми шаб ба афсонагӯй машғул шуда, онро тарк мекардед.
68.    Оё дар ин сухан(1) намеандешанд, ё ба онҳо он чи омадааст, ки ба падарони нахустинашон наомадааст?
____________________
1. Яъне, Қуръон.
69.    Ё он ки паёмбарашон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд?
70.    Ё мегӯянд, ки девона аст?
На, чунин нест, балки паёмбарашон Қуръон, тавҳид ва дини ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз рӯи ҳасад ба ҳақ бадбинӣ доранд.
71.    Агар ҳақ ва ҳақиқат аз пайи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо Қуръонро пандашон фиристодем, ки дар он иззат ва шарафи онҳост ва онҳо бошанд, аз пандашон рӯй гардониданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\554
72.    Ё ту эй Муҳаммад, бар даъвати худ аз онҳо музде металабӣ? Пас, музди Парвардигорат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
73.    Албатта, ту эй Расул, қавми худ ва дигаронро ба роҳи росташон мехонӣ, ки вай дини Ислом аст.
74.    Ва касоне, ки ба рӯзи баъс ва ҳисоб имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, аз роҳи рост каҷраванд!
75.   Агар бар онҳо раҳм мекардем ва ранҷу заҳматеро, ки ба он гирифтор омаданд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд.
76.   Ба таҳқиқ ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд барои Парвардигорашон ва на зорӣ.
77.   То замоне, ки даре аз азоби сахт(1) ба рӯяшон кушодем, он гоҳ онҳо дар он ба куллӣ ноумед гаштанд ва намедонанд, ки чи кор кунанд.
____________________
1. Мурод аз азоб, азоби охират аст ва ба қавле дигар куштани онон дар рӯзи Бадр аст. Тафсири Табарӣ 19 \ 61 ва Тафсири Ибни Касир 5\487
78.   Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки бароятон шунавоӣ ва дидаҳо ва дидҳо биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред?
79.   Ӯст, он Аллоҳе, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама баъд аз маргатон назди Ӯ гирд оварда мешавед ва мувофиқи амалҳоятон ҷазоятон хоҳад кард.
80.   Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они Ӯст. Чаро дар қудрати Ӯ оқилона намеандешед?
81.   Балки, кофирон низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд.
82.   Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»
83.   Эй Муҳаммад, ҳамчуноне ки ту ба мо ваъда медиҳӣ ба падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!»
84.   Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»
85.   Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аз они Аллоҳ». Бигӯ: «Оё панд намегиред, ки Ӯ бори дигар бар зинда гардонидан қодир аст?»
86.   Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?»
87.   Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед, ки ибодати ғайри Ӯро мекунед?»
88.   Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ медиҳад ва касе дар баробари Ӯ паноҳ дода намешавад?» (Яъне, ҳеҷ кас наметавонад азоби Аллоҳро аз касе боздорад ва наметавонад касеро дар баробари Аллоҳ ёрӣ кунад.)
89.   Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Пас, чаро фиреб мехӯред ва аз тавҳид ва тоати Парвардигор рӯй метобед?»
90.   Балки, Мо бар мункирони рӯзи қиёмат сухани рост фиристодем ва онон дурӯғгӯ ҳастанд!
91.   Аллоҳ ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ маъбуде ҳамроҳи Ӯ нест. Агар чунин мебуд,
ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷустанд. Аллоҳ аз он гуна ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\427
92.   Ӯ Аллоҳ донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чи шарики Ӯ месозанд, бартар аст.
93.   Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман намоён мекардӣ.
94.   Эй Парвардигори ман, пас, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ» (Лекин аз зумраи онон бигардон, ки Ту аз онҳо розӣ ҳастӣ).
95.   Ва ҳароина, Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, аз азоб метавонем, бар ту бинамоёнем.
96.  ( Эй Расул), дар муқобиди бадии душманонат бадӣ макун, балки бадиро ба равише, ки он беҳтар аст дафъ кун! Мо аз чизҳое ки мегӯянд инҳо мушрикон, огоҳтар ҳастем ва онҳоро ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\558
97.   Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои(1) шайтон ба ту паноҳ мебарам.
____________________
1. Шарораҳои хашме аст, ки инсон наметавонад худро дар он нигаҳдорӣ кунад.
98.   Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон агар онҳо назди ман ҳозир оянд!»
99.   Чун якеашонро аз кофирон марг фаро расад, мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон ба сӯи дунё.
100. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Бегумон ин суханест, ки ӯ онро мегӯяд (ва ба фарази маҳол агар бозгардад, ба корҳои гузаштааш идома медиҳад) ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 5\494
101.  Чун рӯзи қиёмат дар сур дамида шавад ва мардум аз қабр барангехта шаванд, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд.
102.  Онон, ки тарозуи аъмоли некашон вазнин бошад, онҳо наҷотёфтагонанд.
103.  Ва онон, ки тарозуи аъмоли некашон сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд.
104.  Шӯълаҳои оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.
105. Ба онҳо гуфта мешавад: Оё оёти Ман дар дунё бароятон хонда намешуд, то ба он имон биёваред, пас, онҳоро дурӯғ меҳисобидед?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\550
106.  Рӯзи қиёмат гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо галаба кард ва мо мардуми гумроҳе будем.
107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар ва боз ба дунё баргардон. Агар дигар бор ба сӯи гуноҳ баргашт кардем, ҳароина, аз ситамкорон бошем».
108. Аллоҳ гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед». (Пас он ҳангом дуову умедашон қатъ гардид.)
109. Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ».
110. Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон мебароварданд.
Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.
111. Имрӯз, ҳароина, онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош (яъне ҷаннат) медиҳам. Қатъан, онҳо ба муроди худ расидаанд.
112. Аллоҳ ба дӯзахиён гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»
113. Аз сахтии азоби он рӯз гӯянд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Пас аз ҳисобгарон бипурс».(1)
____________________
1. Яъне, ҳисобгароне, ки моҳу рузҳоро мешуморанд, ё ба қавле фариштагон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 19\83
114. Аллоҳ гӯяд: Дар замин ҷуз андаке намондаед, агар шумо медонистед чизе аз илмро, то он муддати андакро ба тоати Аллоҳ ва омода шудан барои рӯзи қиёмат мекардед ва ба ҷаннат мушарраф мешудед.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\500
115. Эй мардум, оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо барои ҳисобу ҷазо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»
116. Пас, бартар аст, Аллоҳи якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест! Парвардигори Арши(1) гиромиқадр аст.
____________________
1. Арш аз бузургтарин махлуқоти Аллоҳ аст.
117. Ва ҳар кас, бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мехонад, ки ба ҳақиқати он ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳароина, ҳисобаш дар охират назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, рӯзи қиёмат кофирон наҷот намеёбанд.
118. Ва бигӯ (эй Паёмбар):
«Эй Парвардигори ман, биёмурз аз гуноҳҳо ва раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»(1)
____________________
1. Ин оят баёнгари он аст, ки Аллоҳ паёмбарашро ба истиғфор амр кард, то умматаш ба вай иқтидо кунанд.