surah.translation .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад
2.       ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
3.       ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад
4.       ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад
5.       ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
6.       Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.
7.       Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст,
8.       ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд
9.       ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад.
10.   Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст,
11.   ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.(1)
____________________
1. Яъне, бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
12.   Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
13.   Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд.
14.   Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт.
15.   Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид.
16.   Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд(1) мехӯрам
____________________
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад, ба Аллоҳу таъоло шарик овардааст.
17.   ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо
18.   ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он,
19.   ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.(1)
____________________
1. Яъне, аз нутфа ба хуни баста ва ба пораи гӯшт ва ба дамидани рӯҳ ва ба марг ва ба рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан...
20.   Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд?
21.   Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?
22.   Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд.
23.   Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст.
24.   Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ,
25.   магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд.