ترجمة معاني سورة الحاقة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!)
2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ?
3.Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\204
4.Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд.
5.Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд.
6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд.
7. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.
8. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!)
9. Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика(1) гунаҳкор омаданд.
____________________
1. Яъне, мардуми шаҳрҳои ба замин фурӯрафта, ки он ободиҳои қами Лут алайҳиссалом буд. Аллоҳ таъоло ба сабаби феъли мункарашон; (аз ширк, куфр ва зино) онҳоро ба замин фурӯ бурд. Тафсири Табарӣ 23\576
10. Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд, пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт.
11. Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем,
12. то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\578
13.    Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад
14.    ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд,
15.    пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад.
16.    Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад.
17.    Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
18.    Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\883
19.    Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед.
20.    Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро
омода кардаам.
21. 21. Пас, ӯ дар як зиндагии
писандидаву хуш хоҳад буд,
22. дар биҳиште олӣ,
23. ки меваҳояш дастрас бошад.
24. 24. Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\212
25. 25. Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд
26. ва надониста будам, ки тҳисоби ман чист!
27. Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам
28. Дороии ман, ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид,
29. қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям)!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\588
30.   Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад: «Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед!
31.   Ба баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад!
32.   Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ(1) аст, бикашед!
____________________
1. Яъне зироъ аз оринҷ то ангуштро гӯянд.
33.   Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард
34.   ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\213
35.   Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.
36.   Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест.
37.   Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\884
38.   Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо
39.   ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо,
40.   ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро
паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,
41.   на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!
42.   Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
43.   Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\214
44.   Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст,
45.   ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
46.   сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем
47.   ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад.
48.   Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\595
49.   Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд.
50.   Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд.
51.   Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест.
52.   Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.