Al-Imran 3:112

سورة آل عمران

Medinan Verse: 112/200 Page 64

ضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيۡنَ مَا ثُقِفُوٓاْ إِلَّا بِحَبۡلࣲ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبۡلࣲ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبࣲ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَسۡكَنَةُۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقࣲّۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ ١١٢

  1. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    112.  Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ (1) ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд. Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мӯҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
    1. Амони Аллоҳ; ақдест, ки онҳоро ҳимоя мекунад ва дар баробари ҷизя супориданашон ҳукмҳои Исломро ба онҳо лозим мегардонад. Тафсири Саъдӣ 1/143

Read the whole surah Compare translations Arabic tafsir