زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلۡبَنِينَ وَٱلۡقَنَٰطِيرِ ٱلۡمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلۡفِضَّةِ وَٱلۡخَيۡلِ ٱلۡمُسَوَّمَةِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ وَٱلۡحَرۡثِۗ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلۡمَـَٔابِ ١٤
Al-Imran 3:14
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 14/200
Page 51
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ишқ ба хостаниҳо [-и моддӣ], аз [ҷумла] занону фарзандон ва амволи ҳангуфт – аз тилло ва нуқра ва аспҳои нишондор ва домҳову киштзор [ҳо] – барои мардум ороста шудааст. Ин [ҳама, лаззатҳо ва] колои [зудгузари] зиндагии дунёст ва [ҳол он ки] саранҷоми нек назди Аллоҳ таоло аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
14. Муҳаббати орзуҳои нафс: аз қабили занон ва фарзандон ва сарватҳои қимматбаҳо
аз зару сим ва аспони нишондор ва чаҳорпоён (шутур, гов ва гӯсфанд) ва зироат барои мардум ороста шудааст. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии дунёст ва саранҷоми нек дар пешгоҳи Аллоҳ аст. -
Tajik - Tajik translation
Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост!
Al-Imran 3:14
Loading the recitation…
0:00