Al-Imran 3:198

سورة آل عمران

Medinan Verse: 198/200 Page 76

لَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ لَهُمۡ جَنَّٰتࣱ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا نُزُلࣰا مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِۗ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرࣱ لِّلۡأَبۡرَارِ ١٩٨

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Аммо касоне, ки тақвои Парвардигорашонро намудаанд, [дар биҳишт] боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист [ва] ҷовидона дар он мемонанд. [Ин] Пазироӣ аз ҷониби Аллоҳ таоло [муҳайё шуда] аст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои накукорон беҳтар аст
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    198.  Вале касоне, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, барои онҳост боғҳое, ки ҷӯйҳо аз зери он равон аст. Дар он ҷовидона ҳастанд. Ва онҳо касоне ҳастанд, ки дил ва гуфтор ва кирдорашон нек аст. Ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва он чи назди Аллоҳ аст, барои некӯкорон беҳтар аст.
  3. Tajik - Tajik translation


    Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд, Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст!

Read the whole surah Arabic tafsir