يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِيِّ لَسۡتُنَّ كَأَحَدࣲ مِّنَ ٱلنِّسَآءِ إِنِ ٱتَّقَيۡتُنَّۚ فَلَا تَخۡضَعۡنَ بِٱلۡقَوۡلِ فَيَطۡمَعَ ٱلَّذِي فِي قَلۡبِهِۦ مَرَضࣱ وَقُلۡنَ قَوۡلࣰا مَّعۡرُوفࣰا ٣٢
AlAhzab 33:32
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 32/73
Page 422
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Эй занони Паёмбар, агар парҳезкорӣ кунед, [дар бартарӣ ва шарофат] монанди ҳеҷ як аз занони [одӣ] нахоҳед буд; пас, ҳангоми сухан гуфтан [бо мардон] ноз ва нармиш ба кор набаред, то [мабодо] он ки дар дилаш беморӣ аст, [дар шумо] тамаъ кунад ва ба шеваи шоиста сухан бигӯед -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
32. Эй занони Паёмбар, шумо дар манзалату бузургӣ монанди дигар занон нестед, агар аз Аллоҳ битарсед бо иҷро намудани фармудаҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш, пас, ба одамони номаҳрам ба нармӣ сухан магӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигӯед, ки он дур аз шак ва тибқи шариат бошад.(1)
1. Риоя кардани ин одоб бар ҳар зани мӯъминае, ки имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат дорад, воҷиб аст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 663 -
Tajik - Tajik translation
Эй занони паёмбаар, шумо монанди дигар занон. нестед, агар аз Худо' битарсед. Пас ба нармӣ сухан; нагӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе ҳаст, ба тамаъ афтад, Ва сухани писандида бигӯед.
AlAhzab 33:32
Loading the recitation…
0:00