وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ وَأَقِمۡنَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتِينَ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِعۡنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُذۡهِبَ عَنكُمُ ٱلرِّجۡسَ أَهۡلَ ٱلۡبَيۡتِ وَيُطَهِّرَكُمۡ تَطۡهِيرࣰا ٣٣
AlAhzab 33:33
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 33/73
Page 422
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва дар хонаҳоятон бимонед ва ҳамчун ҷилвагари [-и занон дар даврони] ҷоҳилияти пешин, ҷилвагарӣ [ва худнамоӣ] накунед ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли хона [паёмбар], ҷуз ин нест Аллоҳ таоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
33. Ва дар хонаҳои худ бимонед, ба ҷуз барои ҳоҷати хеш берун наоед.
Ва чун дар ҷоҳилият (дар даврони пеш аз ислом) зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намозро пурра дар вақташ бигузоред ва закоти муқаррар кардаи шариатро бидиҳед ва аз Аллоҳу паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли байт,(1) ба таҳқиқ Аллоҳ мехоҳад палидию нопокиҳоро аз шумо дур кунад ва шуморо аз бадиҳо пок нигоҳ дорад.
1. Аҳли байт гуфта: занони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зурриёташон дар назар аст. -
Tajik - Tajik translation
Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунон ки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор накунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт. Худо мехоҳад, палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад.
AlAhzab 33:33
Loading the recitation…
0:00