وَٱذۡكُرۡنَ مَا يُتۡلَىٰ فِي بُيُوتِكُنَّ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱلۡحِكۡمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا ٣٤
AlAhzab 33:34
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 34/73
Page 422
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳар он чиро, ки аз оёти илоҳӣ ва суннати Паёмбар дар хонаҳоятон хонда мешавад, ба ёд дошта бошед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора борикбини огоҳ аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
34. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Аллоҳ (Қуръон) ва ҳикмат (ҳадисҳои расули Аллоҳ) тиловат мешавад, ёд кунед ва ба суннаташ амал кунед ва эҳтиромашро ба ҷо оред, ки неъмати Аллоҳ аст, ба шумо арзонӣ шудааст. Ҳароина, Аллоҳ дақиқу нозукбин аст, ки шуморо дар хонаҳое қарор додааст дар он оёти Аллоҳ ва суннати Расулаш хонда мешавад ва огоҳ аст, ки шуморо аз зумраи ҳамсарони расулаш ихтиёр кардааст!(1)
1. Тасири Табарӣ 20\268 -
Tajik - Tajik translation
Он чиро дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад,. ёд кунед, ки Худо борикбину огоҳ аст!»
AlAhzab 33:34
Loading the recitation…
0:00