Al-Anfal 8:26

سورة الأنفال

Medinan Verse: 26/75 Page 180

وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ أَنتُمۡ قَلِيلࣱ مُّسۡتَضۡعَفُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ تَخَافُونَ أَن يَتَخَطَّفَكُمُ ٱلنَّاسُ فَـَٔاوَىٰكُمۡ وَأَيَّدَكُم بِنَصۡرِهِۦ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ٢٦

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Ва ба ёд оваред замонеро, ки шумо дар сарзамини [Макка] андак ва нотавон будед [ва] метарсидед ки мардумон [-и мушрик] шуморо бирабоянд, пас, Аллоҳ таоло [дар Мадина] паноҳатон дод ва бо ёрии хеш нерумандатон сохт ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид, бошад, ки сипос гузоред
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    26.  Ва ба ёд оваред, (эй мӯъминон), неъматеро, ки бар шумо арзонӣ кард, он замонеро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамини Макка будед ва бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Аллоҳ паноҳатон дод дар Мадина ва ёрӣ кард ва пирӯзатон гардонид дар Бадр ва аз чизҳои покиза рӯзиатон дод, бошад, ки шукргузорӣ кунед!
  3. Tajik - Tajik translation


    Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед!

Read the whole surah Arabic tafsir