وَإِذَا لَمۡ تَأۡتِهِم بِـَٔايَةࣲ قَالُواْ لَوۡلَا ٱجۡتَبَيۡتَهَاۚ قُلۡ إِنَّمَآ أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ مِن رَّبِّيۚ هَٰذَا بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡ وَهُدࣰى وَرَحۡمَةࣱ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٢٠٣
Al-A'raf 7:203
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 203/206
Page 176
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [эй паёмбар] ҳангоме ки [нузули ваҳй ба таъхир меафтод ва] ту ояте бар эшон намеоварӣ, мегӯянд: «Чаро ту худ онро намесозӣ»? Бигӯ: «Ман фақат аз чизе пайравӣ мекунам, ки аз сӯйи Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ин [Қуръон шомили] равшангариҳое аз сӯйи Павардигоратон аст ва барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмат аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
203. (Эй Расул), чун ояте барои мушрикон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе ихтироъ накардӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва зери тадбири Аллоҳ мебошам ва Аллоҳ нишонаҳо ва оётро бар асоси бузургворӣ ва ҳикмати худ нозил мекунад. Ва ин Қуръон нишонаҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамову раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд. (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/313 -
Tajik - Tajik translation
Чун ояе барояшон наоварӣ гуянд: «Чаро аз худ чизе намегӯӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва ин ҳуҷҷатҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамуду раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд.
Al-A'raf 7:203
Loading the recitation…
0:00