يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقُولُواْ رَٰعِنَا وَقُولُواْ ٱنظُرۡنَا وَٱسۡمَعُواْۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمࣱ ١٠٤
Al-Baqarah 2:104
سورة البقرة
Medinan
Verse: 104/286
Page 16
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳангоме ки аз паёмбар барои дарки оёти Қуръон дархости муҳлат мекунед] нагӯед: "Роъино" [Зеро таъбири мазкур илова бар маънои аслӣ мафҳуми тавҳиномезе ҳамгуни "нодонӣ"-ро ба зеҳн мерасонад], балки бигӯед: "Унзурно" [каме ба мо фурсат бидеҳ] ва [он гоҳ ба оёти Қуръон] гӯш кунед ва [яқин бидонед, ки] кофирон [ва тамасхуркунандагони паёмбар] азоби дарднок [дар пеш] доранд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
104. Эй касоне, ки имон овардаед, магуед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-«роъино»(1), зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам "роъино" мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигуед эй мӯъминон: ба ивази "Роъино", "Унзурно", яъне. "ба мо нигоҳ кун!".
Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.
1. Дар асл "Роъино" ба маънои "ту моро гӯш кун ва шафқат кун бар мо" ва ба маънои дигараш "соҳиби руъунат", яъне, аблаҳ аст. Ва мақсадашон дашном ва таҳқир буд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 61 -
Tajik - Tajik translation
Эй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!
Al-Baqarah 2:104
Loading the recitation…
0:00