فَمَنۡ خَافَ مِن مُّوصࣲ جَنَفًا أَوۡ إِثۡمࣰا فَأَصۡلَحَ بَيۡنَهُمۡ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١٨٢
Al-Baqarah 2:182
سورة البقرة
Medinan
Verse: 182/286
Page 28
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Пас, касе, ки аз беадолатӣ [ва майли беҷойи] васияткунанда [нисбат ба ворисон] ё аз гуноҳи ӯ [дар васият ба кори хилоф] битарсад ва [бо ислоҳи васият] миёни онон [ворисон]-ро созиш диҳад, бар ӯ гуноҳе нест, [ки] ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
182. Гар касе донад, ки васияткунандае дар васияти худ дур аст аз ҳақ, хоҳ қасдан бошад ё саҳван ва насиҳат кунад васияткунандаро ба адл ва ӯ насиҳатро қабул накунад, пас агар ислоҳе миёни онон пардозад, ба тағйир додани васият то мувофиқи шариъат шавад муртакиби гуноҳе нашудааст. Ба дурустӣ Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/85 -
Tajik - Tajik translation
Ҳар гоҳ хавфи он равад, ки васияткунандае дар васияти худ дастхуши ситам ё гуноҳе шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, муртакиби гуноҳе нашудааст, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
Al-Baqarah 2:182
Loading the recitation…
0:00