سَلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ كَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّنۡ ءَايَةِۭ بَيِّنَةࣲۗ وَمَن يُبَدِّلۡ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٢١١
Al-Baqarah 2:211
سورة البقرة
Medinan
Verse: 211/286
Page 33
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй паёмбар], аз Бани Исроил бипурс, [ки] чӣ андоза нишонаҳои ошкор ба онҳо додаем; ва касе, ки неъмати Аллоҳро пас аз он ки насибаш шуд, [ба куфру носипосӣ] табдил кунад, [азоби сахте хоҳад дошт ва бояд бидонад, ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
211. Эй Муҳаммад, аз бани Исроил бипурс, ки касоне, ки ба сӯи ту саркашӣ мекунанд, чӣ нишонаҳои равшане дар китобҳояшон ба онҳо додем, ки онҳоро ба сӯи ҳақ роҳнамоӣ мекунад пас ба тамоми онҳо кофир шуданд ва аз он рӯй тофтанд ва оёти Ӯро тағйир доданд. Ҳар кас,
ки неъматеро, (1) ки Аллоҳ ба ӯ ато кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки уқубати Ӯ сахт аст! (2)
1. Дин 2. Тафсири Саъдӣ 1/95 -
Tajik - Tajik translation
Аз банӣ-Исроил бипурс, ки эшонро чӣ оёти равшане додем. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Худо ба ӯ иноят кардааст, (додааст) дигаргун созад, бидонад, ки уқубати ӯ сахт аст!
Al-Baqarah 2:211
Loading the recitation…
0:00