زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابࣲ ٢١٢
Al-Baqarah 2:212
سورة البقرة
Medinan
Verse: 212/286
Page 33
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Зиндагии дунё барои кофирон ороста шудааст ва муъминонро масхара мекунанд, ҳол он ки парҳезкорон дар рӯзи қиёмат болотар аз онон ҳастанд; [зеро дар биҳишт ҷовидонанд] ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
212. Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм
ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мӯъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дӯзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/95 -
Tajik - Tajik translation
Барои кофирон зиндагии инҷаҳонӣ ороста шудааст ва мӯъминонро ба масхара мегиранд. Онон, ки аз Худо метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!
Al-Baqarah 2:212
Loading the recitation…
0:00