صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ٧
Al-Fatihah 1:7
سورة الفاتحة
Meccan
Verse: 7/7
Page 1
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд. -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
7. Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на он роҳе, ки бар онҳо хашм гирифтаи ва на роҳи гумроҳон. (Роҳе, ки Ту неъмати худро бар эшон арзонӣ намудӣ аз паёмбарон, сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, ки онҳо ахди ҳидоят ва истиқоматанд. Ва моро набар ба он роҳе, ки Ту бар онҳо хашм гирифтаӣ. Онон касоне буданд, ки ҳақро донистанд ва ба он амал накарданд. Ва онҳо яхудиёнанд. Ва нагардон моро аз касоне, ки роҳгумкардаанд. Онон касонеанд, ки ҳидоят наёфтаанд ва гумроҳ шудаанд. Ва онон насороанд. Ин оят шифо аст барои қалби мусалмон аз инкори ҳақ, ҷаҳл ва гумроҳӣ. Бузургтарин неъмате, ки Аллоҳ таъоло бар бандагонаш арзонӣ кардааст, ин Ислом аст. Уламо иттифоқ кардаанд бар он, ки лафзи "Омин" аз ояти сураи Фотиҳа ба ҳисоб намеравад. Аз ин сабаб дар Қуръон онро китобат накардаанд. Маънои "Омин", ин аст, ки: Илоҳо қабул намо! ) -
Tajik - Tajik translation
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.
Al-Fatihah 1:7
Loading the recitation…
0:00