۞ وَتَرَى ٱلشَّمۡسَ إِذَا طَلَعَت تَّزَٰوَرُ عَن كَهۡفِهِمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَإِذَا غَرَبَت تَّقۡرِضُهُمۡ ذَاتَ ٱلشِّمَالِ وَهُمۡ فِي فَجۡوَةࣲ مِّنۡهُۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِۗ مَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ وَلِيࣰّا مُّرۡشِدࣰا ١٧
Al-Kahf 18:17
سورة الكهف
Meccan
Verse: 17/110
Page 295
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [эй Муҳаммад, агар он ҷо будӣ] хуршедро медидӣ, ки вақте тулуъ мекунад, ба самти рост [-и ғор] мутамоил мегардад ва вақте ғуруб мекунад, аз самти чапи онон дур мешуд [ва гармо озорашон намедод]; ва онон дар маҳалле густарда аз он [ғор] буданд. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таоло аст. Ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳаргиз дӯст [ва] роҳнамое барояш намеёбӣ -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
17. Ва хуршедро мебинӣ, ки чун тулуъ мекунад, аз ҷониби рост ба ғор моил мешавад ва чун ғуруб мекунад, аз болояшон ба ҷониби чап мегузарад ва онҳо дар саҳнаи ғор бароҳат хобанд (яъне дар вақти тулуъ ва ғуруб онҳоро гармии офтоб азият намедод). Ва ин ҳама аз нишонаву муъҷизаҳои Аллоҳ аст. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозу роҳнамое барои ӯ нахоҳӣ ёфт. -
Tajik - Tajik translation
Ва хуршедро мебинӣ, ки чун бармеояд, аз ғорашон ба ҷониби рост майл мекунад ва чук ғуруб кунад, онҳоро вогузорад ва ба чап гардад. Ва онон дар саҳнаи ғоранд. Ва ин аз оёти Худост. Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозе роҳнамо барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
Al-Kahf 18:17
Loading the recitation…
0:00