وَتَحۡسَبُهُمۡ أَيۡقَاظࣰا وَهُمۡ رُقُودࣱۚ وَنُقَلِّبُهُمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِۖ وَكَلۡبُهُم بَٰسِطࣱ ذِرَاعَيۡهِ بِٱلۡوَصِيدِۚ لَوِ ٱطَّلَعۡتَ عَلَيۡهِمۡ لَوَلَّيۡتَ مِنۡهُمۡ فِرَارࣰا وَلَمُلِئۡتَ مِنۡهُمۡ رُعۡبࣰا ١٨
Al-Kahf 18:18
سورة الكهف
Meccan
Verse: 18/110
Page 295
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ] мепиндоштӣ, бедоранд; дар ҳоле ки [бо чашмони боз] хуфта буданд; ва Мо ононро ба паҳлуи росту чап мегардондем [то баданашон осеб набинад]; ва сагашон бар остонаи ғор [нишаста ва ба ҳолати посбонӣ] дастҳояшро кушода буд. Агар [нигоҳашон мекардӣ ва] аз ҳолашон огоҳ мешудӣ, ҳатман, [аз ваҳшат] фирор мекардӣ ва дилат аз тарси онон лабрез мешуд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
18. Мепиндоштӣ эй бинанда, ки Асҳоби Каҳф бедоранд, ҳол он ки воқеан дар хоб буданд ва Мо онҳоро дар ҳоле, ки хоб буданд ба дасти росту дасти чап мегардонидем, то замин ҷисми ононро нахӯрад ва сагашон бар остонаи ғор ду дасти хеш дароз карда буд. Агар аз ҳоли онҳо огоҳ мешудӣ, албатта гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/158. -
Tajik - Tajik translation
Мепиндоштӣ, ки бедоранд, ҳол он ки дар хоб буданд ва Мо ононро ба дасти росту дасти чап мегардонидем ва сагашон бар даргоҳи ғор ду дасти худ дароз карда буд. Агар ба сарашон мерафтӣ, гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.
Al-Kahf 18:18
Loading the recitation…
0:00