وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَإِلَى ٱلرَّسُولِ قَالُواْ حَسۡبُنَا مَا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ءَابَآؤُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ شَيۡـࣰٔا وَلَا يَهۡتَدُونَ ١٠٤
Al-Ma'idah 5:104
سورة المائدة
Medinan
Verse: 104/120
Page 125
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: "Ба сӯйи он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст ва ба сӯйи паёмбар биёед", мегӯянд: "Он чи ниёгонамонро бар он ёфтаем, бароямон кофист". Оё агар ниёгонашон чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекарданд]? -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
104. Ва чун ба он кофироне, ки ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром шумориданд гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, то ки бароятон ҳалол ва ҳаромро баён кунад гӯянд: «Он дине, ки падарони худро пайравӣ он ёфтаем, моро бас аст». Ҳарчанде, ки падаронашон чизе аз ақл надошта ва роҳ гум карда бошанд? (1)
1. Тафсири Бағавӣ 3/109 -
Tajik - Tajik translation
Ва чун ба онҳо гӯянд, ки ба он чӣ Худо нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, гӯянд: «Он дине, ки падарони худро ба он мӯътақид ёфтаем, моро бас аст». Ҳатто агар падаронашон ҳеҷ намедонистаанд ва роҳи ҳидоят наёфта будаанд?
Al-Ma'idah 5:104
Loading the recitation…
0:00