يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَيۡكُمۡ أَنفُسَكُمۡۖ لَا يَضُرُّكُم مَّن ضَلَّ إِذَا ٱهۡتَدَيۡتُمۡۚ إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡ جَمِيعࣰا فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٠٥
Al-Ma'idah 5:105
سورة المائدة
Medinan
Verse: 105/120
Page 125
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст, он гоҳ шуморо аз он чи мекардед, огоҳ месозад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
105. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва ба шариати Ӯ амал кардаед, худро ба амал кардан дар тоъати Аллоҳ ва дур шудан аз нофармонии Ӯ нигоҳ доред. Агар чанде мардум шуморо қабул накунанд амал карданро давом диҳед, ҳидоят ёфтаед. Ва чун роҳи ростро лозим гирифтед ва амри ба маъруф ва наҳйи
аз мункар кардед, ҳеҷ гоҳ онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Аллоҳ аст, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 3/212 -
Tajik - Tajik translation
Эй касоне, ки имон овардаед, ба худ пардозед. Агар шумо ҳидоят ёфтаед, онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Худост, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад.
Al-Ma'idah 5:105
Loading the recitation…
0:00