وَلَوۡ أَنَّهُمۡ أَقَامُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِم مِّن رَّبِّهِمۡ لَأَكَلُواْ مِن فَوۡقِهِمۡ وَمِن تَحۡتِ أَرۡجُلِهِمۚ مِّنۡهُمۡ أُمَّةࣱ مُّقۡتَصِدَةࣱۖ وَكَثِيرࣱ مِّنۡهُمۡ سَآءَ مَا يَعۡمَلُونَ ٦٦
Al-Ma'idah 5:66
سورة المائدة
Medinan
Verse: 66/120
Page 119
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва агар онон ба Таврот ва Инҷил ва он чи аз сӯйи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст [Қуръон] амал мекарданд, ҳатман, аз [баракоти осмони] болои сарашон ва аз [неъматҳои замини] зери пояшон бархӯрдор мешуданд. Бархе аз онон миёнарав ҳастанд, ва [-ле] бисёре аз эшон [ба сабаби беимонӣ] корҳои баде анҷом медиҳанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
66. Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шуда, (Қуръонро) барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихуранд (яъне ризқҳои онҳо фаровон гардад). Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бар ҳақ устуворанд ва бисёриашон бадкирдоранд ва аз роҳи ҳақ гумроҳанд. (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/238 -
Tajik - Tajik translation
Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бисёрашон бадкирдоранд.
Al-Ma'idah 5:66
Loading the recitation…
0:00