۞ يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ وَٱللَّهُ يَعۡصِمُكَ مِنَ ٱلنَّاسِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٦٧
Al-Ma'idah 5:67
سورة المائدة
Medinan
Verse: 67/120
Page 119
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Эй паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ таоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
67. Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ ва чизеро аз он пинҳон кунӣ, амри рисолати Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад ва бар душманонат пирӯз мегардонад ва вазифаи ту расонидани ҳақ аст ба сӯи мардум. Ба дурустӣ Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад. (1)
1. Ва касе гумон барад, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро пинҳон кардааст аз амри Парвардигор, ба дурустӣ бар Аллоҳ дурӯғи бузургеро бофтааст.Тафсири Бағавӣ 3/78 -
Tajik - Tajik translation
Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад.
Al-Ma'idah 5:67
Loading the recitation…
0:00