وَءَاتُواْ ٱلنِّسَآءَ صَدُقَٰتِهِنَّ نِحۡلَةࣰۚ فَإِن طِبۡنَ لَكُمۡ عَن شَيۡءࣲ مِّنۡهُ نَفۡسࣰا فَكُلُوهُ هَنِيٓـࣰٔا مَّرِيٓـࣰٔا ٤
An-Nisa' 4:4
سورة النساء
Medinan
Verse: 4/176
Page 77
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва маҳрияи занонро ба унвони ҳадя [ва фаризаи илоҳӣ] бо хушдилӣ ба онон бидиҳед. Пас, агар онон чизе аз онро бо ризоияти хотир ба шумо бахшиданд, онро хушу гуворо бихӯред -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
4.Ва маҳри занонро ба унвони ҳадя ба онҳо бидиҳед. Пас набояд дар додани он таъхир варзед ва набояд аз он чизе кам кунед. Ва агар бо ризоияти хотир чизе аз маҳри худ ба шумо бахшиданд, пас онро ҳалол ва гуворо бихӯред.(1)
1. Ва дар ин оят ишора шудааст, ки ҳар гоҳ зани мукаллаф маҳрашро талаб кунад, бояд ба вай пардохт шавад, зеро зан ба сабаби ақди издивоҷ молики маҳр мегардад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 163 -
Tajik - Tajik translation
Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агар баъзе аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки ҳалолу покизаатон хоҳад буд.
An-Nisa' 4:4
Loading the recitation…
0:00