وَلَا تُؤۡتُواْ ٱلسُّفَهَآءَ أَمۡوَٰلَكُمُ ٱلَّتِي جَعَلَ ٱللَّهُ لَكُمۡ قِيَٰمࣰا وَٱرۡزُقُوهُمۡ فِيهَا وَٱكۡسُوهُمۡ وَقُولُواْ لَهُمۡ قَوۡلࣰا مَّعۡرُوفࣰا ٥
An-Nisa' 4:5
سورة النساء
Medinan
Verse: 5/176
Page 77
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ба камхирадоне, ки Аллоҳ таоло шуморо ба сарпарастии онон гумоштааст, амволашонро надиҳед ва аз [даромади] он ба эшон хӯроку пӯшок диҳед ва бо онон ба шоистагӣ сухан бигӯед -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
5.Ва (эй сарпарастон) молҳои худро, ки Аллоҳ онро барои шумо сабаби истиқомати зиндагӣ гардондааст, ба бехирадон (яъне, ноболиғ, маҷнун ва беақлон) мадиҳед ва аз он молҳо хурока ва пӯшоки онҳоро бидиҳед ва бо онон сухани хуб ва шоиста бигуед. (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/164 -
Tajik - Tajik translation
Молҳоятонро, ки Худо сабаби зиндагии шумо сохтааст, ба дасти беақлҳо мадиҳед, вале аз он хӯроку либосашон диҳед ва бо онон сухан ба некӣ гӯед.
An-Nisa' 4:5
Loading the recitation…
0:00