وَعَلَى ٱلثَّلَٰثَةِ ٱلَّذِينَ خُلِّفُواْ حَتَّىٰٓ إِذَا ضَاقَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ وَضَاقَتۡ عَلَيۡهِمۡ أَنفُسُهُمۡ وَظَنُّوٓاْ أَن لَّا مَلۡجَأَ مِنَ ٱللَّهِ إِلَّآ إِلَيۡهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيۡهِمۡ لِيَتُوبُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ ١١٨
At-Taubah 9:118
سورة التوبة
Medinan
Verse: 118/129
Page 206
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ба он се нафар, ки [аз ширкат дар ғазваи Табук] тахаллуф намуданд [ва пазириши тавбаашон ба таъхир афтод, низ лутфу эҳсон намуд],он гоҳ ки [мусулмонон аз онон, ки буриданд ва] замин боҳамаи фарохияш бар эшон танг шуд ва аз худ [низ] ба танг омаданд ва донистанд, ки аз Аллоҳ таоло ҷуз ба сӯйи худи Ӯ паноҳе нест. Пас, [Аллоҳ таоло бо бахшоиши хеш] ба онон бозгашт, то тавба кунанд [ва аз эшон даргузашт]. Яқинан, Аллоҳ таоло аст, ки тавбапазири меҳрубон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
118. Ва низ Аллоҳ пазируфт тавбаи он се тан (аз ансориҳо)-ро,(1) ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид (ба сабаби ақибнишиниашон аз ҷанг) ва худ донистанд, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе надоранд, ки ба он рӯй оваранд. Пас, Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!
1. Каъб ибни Молик, Ҳилол ибни Умайя ва Мурора ибни Рабеъ. -
Tajik - Tajik translation
Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва худ донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!
At-Taubah 9:118
Loading the recitation…
0:00