لَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةࣲ وَيَوۡمَ حُنَيۡنٍ إِذۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡ كَثۡرَتُكُمۡ فَلَمۡ تُغۡنِ عَنكُمۡ شَيۡـࣰٔا وَضَاقَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ ثُمَّ وَلَّيۡتُم مُّدۡبِرِينَ ٢٥
At-Taubah 9:25
سورة التوبة
Medinan
Verse: 25/129
Page 190
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бе тардид, Аллоҳ таоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед] -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
25. Ҳамоно Аллоҳ шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард.
Ва низ дар рӯзи Ҳунайн(1) он гоҳ ки бисёрии адади лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеӣ ва ҳамвориаш бар шумо танг шуд (ва ин ба он сабаб буд,
ки дар аввали ҷанг шикаст хӯрда будед). Пас бозгаштед ва ба душман пушт гардондед ва по ба гурез ниҳодед.(2)
1. Ғазваи "Ҳунайн" соли 8-уми ҳиҷрӣ воқеъ шуда буд. 2. Тафсири Саъдӣ 1/332 -
Tajik - Tajik translation
Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ, ки бисёрии лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеъияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед.
At-Taubah 9:25
Loading the recitation…
0:00