وَسِيقَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا وَفُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَا سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ طِبۡتُمۡ فَٱدۡخُلُوهَا خَٰلِدِينَ ٧٣
Az-Zumar 39:73
سورة الزمر
Meccan
Verse: 73/75
Page 466
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва касоне, ки аз Парвардигорашон парво доштанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи биҳишт ҳидоят мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дар ҳоле ки дарҳои биҳишт кушода шудааст, [бо иззату эҳтиром ворид мешаванд] ва нигаҳбонони он ҷо мегӯянд: «Салом бар шумо. Хуш омадед. Ҷовидона ба биҳишт дароед» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
73. Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд ва амал ба тоати Ӯ карданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва аз сабаби пок будани асари гуноҳонашон дарбонҳои биҳишт бо муждаҳо ва ҳурсандиҳо барояшон гӯянд: «Салом бар шумо, покиза будаед хуш бошед, пас ҷовидона ба он биҳишт дароед! -
Tajik - Tajik translation
Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва дарбонҳои бихишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!»
Az-Zumar 39:73
Loading the recitation…
0:00