وَقَالُواْ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي صَدَقَنَا وَعۡدَهُۥ وَأَوۡرَثَنَا ٱلۡأَرۡضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ ٱلۡجَنَّةِ حَيۡثُ نَشَآءُۖ فَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ ٧٤
Az-Zumar 39:74
سورة الزمر
Meccan
Verse: 74/75
Page 466
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Биҳиштиён мегӯянд: «Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки ваъдаи хешро дар мавриди мо таҳаққуқ бахшид ва сарзамин [-и биҳишт]-ро ба мо мерос дод, ки дар ҳар ҷойи он бихоҳем, манзил мегирем. Ва [ба ростӣ] подоши аҳли амал чи некуст» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
74. Ва мӯъминон мегӯянд: «Сипос Аллоҳеро, ки ҳар ваъда, ки бар забони паёмбаронаш ба мо дод, рост гардонид.(1) Он сарзамини биҳиштро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Пас чӣ некӯ аст подоши амалкунандагоне, ки дар тоати Парвардигори хеш саъю кӯшиш намуданд!(2)
1. Яъне, ваъдаашро ба ҷо овард. 2. Тафсири Табарӣ 21\342 -
Tajik - Tajik translation
Мегӯянд: «Шукр Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест!
Az-Zumar 39:74
Loading the recitation…
0:00