ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ جَاعِلِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُوْلِيٓ أَجۡنِحَةࣲ مَّثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۚ يَزِيدُ فِي ٱلۡخَلۡقِ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ١
Fatir 35:1
سورة فاطر
Meccan
Verse: 1/45
Page 434
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
1. Ҳама ситоишҳо(1) аз они Аллоҳ аст, ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Фариштагонро ба сӯи бандагонаш паёмоваранда қарор додааст, дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, ки бо он болҳо барои расонидани амри Аллоҳ парвоз мекунанд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Бегумон Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.
1. Яъне, ситоиш барои Аллоҳе, ки тамоми сифатҳояш комил ва бенуқсон аст ва низ ситоиш ба неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявии Ӯ. -
Tajik - Tajik translation
Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва сесе ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд, зеро Худо бар ҳар коре тавоност!
Fatir 35:1
Loading the recitation…
0:00