Saba' 34:19

سورة سبأ

Meccan Verse: 19/54 Page 430

فَقَالُواْ رَبَّنَا بَٰعِدۡ بَيۡنَ أَسۡفَارِنَا وَظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَ وَمَزَّقۡنَٰهُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّكُلِّ صَبَّارࣲ شَكُورࣲ ١٩

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Аммо онон [бо носипосӣ] гуфтанд: «Парвардигоро, миёни сафарҳои мо фосила [-и бештаре] эҷод кун [то арзиши аспҳо ва шутурҳоямон намоён гардад ва бенавоён натавонанд ҳамчун сарватмандон ба роҳати сафар кунанд]» ва ба хештан ситам карданд; пас, Мо [низ саргузашти] ононро достоне [ибратомӯз] барои дигарон сохтем ва сахт [муталошӣ ва] парокандаашон намудем. Ба ростӣ, ки дар ин [моҷаро] барои ҳар шикебоӣ сипосгузор, нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    19.   Бар худ ситам карданд ва аз роҳат ва эминӣ малолу дилтанг шуданд ва дарозии сафар ва дурӣ миёни ободиҳоро орзу намуданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!»
    Пас, Мо низ онҳоро барои ибрати дигарон афсонаҳое қарор додем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин (аҳли Сабаъ) ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!
  3. Tajik - Tajik translation


    Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам, дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони шукргузор!

Read the whole surah Arabic tafsir