Saba' 34:46

سورة سبأ

Meccan Verse: 46/54 Page 433

۞ قُلۡ إِنَّمَآ أَعِظُكُم بِوَٰحِدَةٍۖ أَن تَقُومُواْ لِلَّهِ مَثۡنَىٰ وَفُرَٰدَىٰ ثُمَّ تَتَفَكَّرُواْۚ مَا بِصَاحِبِكُم مِّن جِنَّةٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا نَذِيرࣱ لَّكُم بَيۡنَ يَدَيۡ عَذَابࣲ شَدِيدࣲ ٤٦

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ таоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    46.   Бигӯ эй Расул барои саркашон: «Ба таҳқиқ, шуморо дар як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои ибодати Аллоҳ бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам)(1) ҳеҷ гуна девонагӣ нест. Ӯст, ки шуморо пеш аз омадани азоби сахт, бимдиҳандааст!»(2)
    1. Тафсири Саъдӣ 1\683 2. Тафсири Табарӣ 20\418
  3. Tajik - Tajik translation


    Бигӯ: «Шуморо ба як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои (ибодати) Худо бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо девонагие нест. Ӯст, ки шуморо аз омадани азобе сахт метарсонад!»

Read the whole surah Arabic tafsir