قُل لَّوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا تَلَوۡتُهُۥ عَلَيۡكُمۡ وَلَآ أَدۡرَىٰكُم بِهِۦۖ فَقَدۡ لَبِثۡتُ فِيكُمۡ عُمُرࣰا مِّن قَبۡلِهِۦٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ١٦
Yunus 10:16
سورة يونس
Meccan
Verse: 16/109
Page 210
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на ман онро бар шумо мехондам ва на Ӯ [Аллоҳ таоло] шуморо аз он огоҳ мекард. Ба ростӣ, ки пеш аз ин [даъват] умреро дар миёни шумо гузарондаам. Оё намеандешед»? -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
16. Бигӯ эй Расул: «Агар Аллоҳ мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо Аллоҳ аз он огоҳ намесохт. Бидонед, ки он ҳақ аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва ба дурустӣ, ки шумо ҳақиқати ҳоли маро медонистед, ки пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам ва нахондаам, нанавиштаам, на дарс омӯхтам ва на аз касе таълим гирифтаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед? »(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/359 -
Tajik - Tajik translation
Бигӯ: «агар Худо мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо аз он огоҳ намесохтам. Ва пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед?»
Yunus 10:16
Loading the recitation…
0:00