وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ قَالَ ٱئۡتُونِي بِأَخࣲ لَّكُم مِّنۡ أَبِيكُمۡۚ أَلَا تَرَوۡنَ أَنِّيٓ أُوفِي ٱلۡكَيۡلَ وَأَنَا۠ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ ٥٩
Yusuf 12:59
سورة يوسف
Meccan
Verse: 59/111
Page 242
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Пас, чун борҳояшонро омода кард, [ба онон] гуфт: «[Навбати оянда] Бародареро, ки аз падаратон доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро тамом медиҳам ва беҳтарин мизбонам? -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
59. Ва Юсуф(1) чун борҳояшонро як шутур бор аз таом ва ғалла муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
1. Юсуф кори худ номаълум карда онҳоро битарсонид ва гуфт шумо ҷосусонед! Гуфтанд: мо аз замини Канъонем. Ёздаҳ бародар, аз зодагони паёмбарон Иброҳиму Исҳоқу Яъқубем. Юсуф гуфт: агар ёздаҳ бародаред, чаро даҳ нафар омадед? Пас аз онҳо талаб кард, ки бародарашонро низ биёранд, то аз баҳри вай ҳам як хирвор гандум бидиҳад. Тафсири Бағавӣ 4\255 -
Tajik - Tajik translation
Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
Yusuf 12:59
Loading the recitation…
0:00