ﰁ
                    surah.translation
            .
            
    
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            ﰡ
Он гоҳ ки осмон шикофта шавад
                                                                        Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
                                                                        Ва он гоҳ ки замин густурда [ва ҳамвор] шавад
                                                                        Ва ҳар чиро даруни худ дорад, берун резад ва тиҳӣ гардад
                                                                        Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
                                                                        Эй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард
                                                                        Ва аммо касе, ки нома [-и аъмолаш] ба дасти росташ дода шавад
                                                                        Ба зудӣ ба ҳисобе осон муҳосиба мешавад
                                                                        Ва шодмон ба сӯйи хонаводааш бозмегардад
                                                                        Ва аммо касе, ки номаи [аъмолаш] аз пушти сараш ба ӯ дода шавад
                                                                        Пас, ҳалоки худро хоҳад талабид
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮜﮝ
                                    ﰋ
                                                                        
                    Ва ба [оташи] ҷаҳаннами шуълавар хоҳад даромад
                                                                        Бе гумон, ӯ дар [дунё ба хотири гуноҳонаш] миёни хонаводаи худ шодмон буд
                                                                        Ӯ гумон мекард, ки ҳаргиз [ба назди Аллоҳ таоло] бознахоҳад гашт
                                                                        Оре, ҳамоно Парвардигораш аз ҳоли вай огоҳ буд
                                                                        Пас, ба шафақ савганд мехӯрам
                                                                        Ва савганд ба шаб ва он чиро фуру мепӯшад
                                                                        Ва савганд ба моҳ чун [фурӯғаш] комил шавад
                                                                        Ҳатман, маротибу ҳолоти мухталиферо яке пас аз дигаре [дар масири зиндагии дунявӣ] тай хоҳед кард
                                                                        Пас, ононро чи шуда, ки имон намеоваранд?
                                                                        Ва [чаро] ҳангоме ки Қуръон бар онон тиловат шавад, саҷда намекунанд?
                                                                        Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста [оёти илоҳиро] такзиб мекунанд
                                                                        Ва Аллоҳ таоло ба он чи дар дил пинҳон медоранд, донотар аст
                                                                        Пас, [эй паёмбар] ононро ба азоби дардноке башорат деҳ
                                                                        Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барои онон подоше беминнат ва пайваста аст