Оё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
26. Оё барои кофирони Макка равшан нашудааст, ки пеш аз онҳо чӣ қадар аз наслҳоро нобуд кардем ва инҳо дар сафарҳои худ аз диёрҳои қавми Ҳуд, Солеҳ ва Лут мегузаранд ва он вайронаҳоро мушоҳида мекунанд ва дар хонаву ҷои онҳо роҳ мераванд. Бегумон дар ин нишонаҳоест бар ҳақиқат будани паёмбарон, оё намешунаванд ин оятҳоро, то аз онҳо панд пазиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\196
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\196
الترجمة الطاجيكية
أَوَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍۚ أَفَلَا يَسۡمَعُونَ
Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Дар ин ибратҳост, чаро намешунаванд?
Tajik - Tajik translation