Рӯзе, ки кофирон бар оташ арза мешаванд [ба онон хитоб мешавад]: «Неъматҳои покизаи худро дар зиндагии дунё аз байн бурдед ва аз онҳо баҳраманд шудед, пас, имрӯз ба хотири бартариҷӯии ноҳақ ва инҳирофе, ки дар замин доштед, бо азобе дарднок муҷозот мешавед»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ барои азоб пешкаш кунанд, ба онон гуфта шавад: шумо дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед ва онҳоро аз байн бурдед. Имрӯз эй кофирон, ба азобу хорӣ дар дӯзах подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.
الترجمة الطاجيكية
وَيَوۡمَ يُعۡرَضُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَلَى ٱلنَّارِ أَذۡهَبۡتُمۡ طَيِّبَٰتِكُمۡ فِي حَيَاتِكُمُ ٱلدُّنۡيَا وَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِهَا فَٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَسۡتَكۡبِرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَبِمَا كُنتُمۡ تَفۡسُقُونَ
Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ арза кунанд: дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хори ҷазоятон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе такаббурӣ мекардед ва бадкорӣ пеш гирифта будед,
Tajik - Tajik translation