Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
18. Рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мунофиқонро аз қабрҳояшон зинда мекунад, пас ҳамчунон ки дар дунё барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хӯрд, ки мӯъминанд. Ва мепиндоранд, ки ин қасам дар назди Аллоҳ фоидаашон медиҳад, чуноне, ки дар дунё назди мӯъминон фоидаашон медод. Огоҳ бошед, ки ҳароина, онҳо хеле дурӯғгӯёнанд.
الترجمة الطاجيكية
يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعٗا فَيَحۡلِفُونَ لَهُۥ كَمَا يَحۡلِفُونَ لَكُمۡ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُمۡ عَلَىٰ شَيۡءٍۚ أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ
Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро зинда мекунад, ҳамчунон ки барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хурд. Ва мепиндоранд, ки фоидае хоҳанд бурд. Огоҳ бошед, ки дурӯғгӯёнанд.
Tajik - Tajik translation