[Эй паёмбар,] магар надидаӣ касонеро, ки аз наҷво наҳй шуданд, сипас ба он чӣ аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва ба гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд ва ҳангоме ки назди ту меоянд, ба наҷво ба ту дуруд мефиристанд, ки [ҳатто] Аллоҳ таоло бо он [калимот] ба ту дуруду салом нагуфтааст; ва [онҳо] дар дили худ мегӯянд: «Чаро Аллоҳ таоло моро ба [кайфари] он чи мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофӣ аст, [ки] ба он ворид мешаванд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
8. Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво(1), ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй
Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст(2) ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Чаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!(3)
____________________
1. Яъне, роз, сухани махфӣ; суханони бадеро, ки дар миёни ҳам ба саргӯшӣ ва розгӯӣ пардохта ва бо чашму абрӯ ишора намуда ва ба ғайбат ва озор додани мӯъминон саъю кӯшиш мекунанд. 2. Яъне, мегуфтанд: Ассому алайка яъне, марг бар ту. 3. Тафсири Бағавӣ 8/55

الترجمة الطاجيكية
أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نُهُواْ عَنِ ٱلنَّجۡوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ وَيَتَنَٰجَوۡنَ بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَمَعۡصِيَتِ ٱلرَّسُولِۖ وَإِذَا جَآءُوكَ حَيَّوۡكَ بِمَا لَمۡ يُحَيِّكَ بِهِ ٱللَّهُ وَيَقُولُونَ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ لَوۡلَا يُعَذِّبُنَا ٱللَّهُ بِمَا نَقُولُۚ حَسۡبُهُمۡ جَهَنَّمُ يَصۡلَوۡنَهَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Оё онҳоро, ки аз наҷво манъ туда буданд, надидӣ, ки кореро, ки аз он манъ шуда буданд, аз сар гирифтанд ва боз ҳам барои гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд? Ва чун назди ту меоянд, ба гунае туро салом мегӯянд, ки Худо туро ба он гуна салом нагуфтааст ва дар дил мегӯянд: «Чаро Худо моро ба он чӣ мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофист. Ва он дохил мешаванд ва ин бад бозгаштест!
Tajik - Tajik translation