Ва [низ] Марям – духтари Имрон – ро [масал задааст], ки шармгоҳи хешро [пок] нигаҳ дошт, пас, Мо аз рӯҳи худ дар он дамидем ва [ӯ] калимоти Парвардигораш ва китобҳои Ӯро тасдиқ кард ва аз фармонбардорон буд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\173
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\173
الترجمة الطاجيكية
وَمَرۡيَمَ ٱبۡنَتَ عِمۡرَٰنَ ٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتۡ بِكَلِمَٰتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِۦ وَكَانَتۡ مِنَ ٱلۡقَٰنِتِينَ
Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи худро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ӯ аз фармонбардорон буд.
Tajik - Tajik translation