Surah Ar-Rahman in Тоҷикӣ
РАҲМОН · سورة الرحمن · Verses: 78 · Medinan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
ٱلرَّحۡمَٰنُ
[Аллоҳи] Раҳмон -
2
عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ
Қуръонро омӯзиш дод -
3
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ
Инсонро офарид -
4
عَلَّمَهُ ٱلۡبَيَانَ
[Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт -
5
ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانࣲ
Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд -
6
وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ يَسۡجُدَانِ
Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд -
7
وَٱلسَّمَآءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِيزَانَ
Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд -
8
أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِي ٱلۡمِيزَانِ
[Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед; -
9
وَأَقِيمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِيزَانَ
Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед] -
10
وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ
Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт -
11
فِيهَا فَٰكِهَةࣱ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ
Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст -
12
وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّيۡحَانُ
Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ -
13
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
14
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلࣲ كَٱلۡفَخَّارِ
Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид -
15
وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجࣲ مِّن نَّارࣲ
Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард -
16
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
17
رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَيۡنِ
Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост -
18
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
19
مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ
Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд -
20
بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخࣱ لَّا يَبۡغِيَانِ
[Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд -
21
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
22
يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ
Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд -
23
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
24
وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ
Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст -
25
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
26
كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانࣲ
Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст -
27
وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ
Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд -
28
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
29
يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنࣲ
[Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст -
30
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
31
سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ
Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем -
32
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
33
يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنࣲ
Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред] -
34
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
35
يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظࣱ مِّن نَّارࣲ وَنُحَاسࣱ فَلَا تَنتَصِرَانِ
Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед -
36
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
37
فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةࣰ كَٱلدِّهَانِ
Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд] -
38
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
39
فَيَوۡمَئِذࣲ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسࣱ وَلَا جَآنࣱّ
Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд -
40
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
41
يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ
Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд] -
42
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
43
هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي يُكَذِّبُ بِهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд -
44
يَطُوفُونَ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَ حَمِيمٍ ءَانࣲ
[Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд -
45
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
46
وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ
Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад -
47
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
48
ذَوَاتَآ أَفۡنَانࣲ
[Бо дарахтоне] Пур аз шохсор -
49
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
50
فِيهِمَا عَيۡنَانِ تَجۡرِيَانِ
Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст -
51
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
52
فِيهِمَا مِن كُلِّ فَٰكِهَةࣲ زَوۡجَانِ
Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад -
53
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
54
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ فُرُشِۭ بَطَآئِنُهَا مِنۡ إِسۡتَبۡرَقࣲۚ وَجَنَى ٱلۡجَنَّتَيۡنِ دَانࣲ
[Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст -
55
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
56
فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسࣱ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنࣱّ
Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст -
57
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
58
كَأَنَّهُنَّ ٱلۡيَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ
Гӯӣ он ҳурон ёқуту марҷонанд -
59
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
60
هَلۡ جَزَآءُ ٱلۡإِحۡسَٰنِ إِلَّا ٱلۡإِحۡسَٰنُ
Оё подоши некӣ ҷуз некӣ ҳаст? -
61
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
62
وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ
Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст -
63
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
64
مُدۡهَآمَّتَانِ
[Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст -
65
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
66
فِيهِمَا عَيۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ
Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст -
67
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
68
فِيهِمَا فَٰكِهَةࣱ وَنَخۡلࣱ وَرُمَّانࣱ
Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст -
69
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
70
فِيهِنَّ خَيۡرَٰتٌ حِسَانࣱ
Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд -
71
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
72
حُورࣱ مَّقۡصُورَٰتࣱ فِي ٱلۡخِيَامِ
Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд -
73
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
74
لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسࣱ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنࣱّ
[Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст -
75
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
76
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ رَفۡرَفٍ خُضۡرࣲ وَعَبۡقَرِيٍّ حِسَانࣲ
[Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд -
77
فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ
Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед? -
78
تَبَٰرَكَ ٱسۡمُ رَبِّكَ ذِي ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ
Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст