[Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
13. Аллоҳ аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар яке то замоне муайян дар ҳаракатанд. Ин аст Аллоҳ, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ маъбуди хеш мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.
الترجمة الطاجيكية
يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ لَهُ ٱلۡمُلۡكُۚ وَٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ مَا يَمۡلِكُونَ مِن قِطۡمِيرٍ
Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар як то замоне муайян дар ҳаракатанд, Ин аст Худо — Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.
Tajik - Tajik translation