Ба инсон супориш кардем, ки дар мавриди падару модараш ба шоистагӣ некӣ кунад, [ба вижа] модар, ки ба душворӣ бори ҳамли ӯро бар уҳда дорад ва бо душворӣ вазъи ҳамл мекунад ва [даврони] бордорӣ ва ширхорагиаш [ҷамъан ҳудуди] сӣ моҳ аст. [Ӯ парвариш меёбад] то ба ҳадди рушд бирасад ва дар чиҳилсолагӣ [ки тавони ҷисмӣ ва зеҳниаш комил аст] мегӯяд: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам, ки аз он хушнуд гардӣ ва фарзандонамро шоиста гардон. Ба даргоҳат [тавба намуда ва] бозгаштаам ва таслими [фармонат] ҳастам»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Ва одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ дар ҳаёташон ва баъд аз маргашон амр кардаем. Албатта модараш ӯро ҳангоми ҳомилагӣ бо душворӣ бардошт ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард). Ва муддати ҳамл ва то аз шир ҷудо шуданаш, сӣ моҳ аст,(1) то чун ба синни ҷавонӣ (пурқувватӣ) расад ва ба чиҳилсолагӣ медарояд, дуъо карда мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман тавфиқ деҳ, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштай, ба ҷой орам ва кори
шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам».(2)
____________________
1. Ин оят далел аст ба бартар будани ҳаққи модар аз падар. 2. Яъпе, аз онҳое, ки сар фуруд оварданд барои тоаътат ва таслим шудаанд ба амрҳоят ва наҳйҳоят.
шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам».(2)
____________________
1. Ин оят далел аст ба бартар будани ҳаққи модар аз падар. 2. Яъпе, аз онҳое, ки сар фуруд оварданд барои тоаътат ва таслим шудаанд ба амрҳоят ва наҳйҳоят.
الترجمة الطاجيكية
وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ إِحۡسَٰنًاۖ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ كُرۡهٗا وَوَضَعَتۡهُ كُرۡهٗاۖ وَحَمۡلُهُۥ وَفِصَٰلُهُۥ ثَلَٰثُونَ شَهۡرًاۚ حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُۥ وَبَلَغَ أَرۡبَعِينَ سَنَةٗ قَالَ رَبِّ أَوۡزِعۡنِيٓ أَنۡ أَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَيَّ وَأَنۡ أَعۡمَلَ صَٰلِحٗا تَرۡضَىٰهُ وَأَصۡلِحۡ لِي فِي ذُرِّيَّتِيٓۖ إِنِّي تُبۡتُ إِلَيۡكَ وَإِنِّي مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш бори ӯро ба душворӣ бардошт ва ба душворӣ бар замин ниҳод. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман биёмӯз то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам ато кардаӣ, ба он ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ кун. Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам».
Tajik - Tajik translation