[Ва низ] Паёмбаре [фиристода], ки оёти равшани Аллоҳро бар шумо мехонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он бимонанд. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ризқу рӯзиашро наку гардонидааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
11. Ва ин зикр Расулаллоҳ мебошад, ки оёти равшани Аллоҳро бароятон мехонад, то касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикии куфр ба рӯшноии имон оварад ва ҳар ки ба Аллоҳ имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое медароварад, ки дар зери дарахтҳояш рудҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва ҳамоно Аллоҳ барои мӯъмини солеҳ ризқашро дар ҷаннат некӯ гардонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/468
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/468
الترجمة الطاجيكية
رَّسُولٗا يَتۡلُواْ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ مُبَيِّنَٰتٖ لِّيُخۡرِجَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۚ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا يُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ قَدۡ أَحۡسَنَ ٱللَّهُ لَهُۥ رِزۡقًا
Ва паёмбаре, ки оёти равшани Худоро бароятон мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикӣ ба рушноӣ оварад, Ва ҳар киро ба Худо имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое дароварад, ки дар он наҳрҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва Худо рӯзияшонро бепоён гардонад.
Tajik - Tajik translation