Ва ҳангоме ки Паёмбар ба баъзе аз ҳамсаронаш суханонеро ба роз гуфт, пас, чун [он ҳамсар] онро [ба дигаре] хабар дод ва Аллоҳ таоло ӯ [Паёмбар]-ро бар он огоҳ кард, қисмате аз онро барои ӯ баён кард ва аз қисмате [дигар] худдорӣ намуд. Пас, ҳангоме ки [паёмбар] ӯро аз он хабар дод, [он зан] гуфт: «Чи касе инро ба ту хабар додааст?». [Паёмбар] Гуфт: «[Аллоҳи] донои огоҳ маро хабар додааст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
3. Ва он гоҳ ки Паёмбар бо яке аз занони худ (Ҳафса разияллоҳу анҳо) сирре дар миён ниҳод, чун он зан он сир бо дигаре (Оиша разияллоҳу анҳо) боз гуфт, Аллоҳ Паёмбарро аз фош кардани он сир огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он сирро бар он зан (Ҳафса) ошкор кард ва рӯи лутфу меҳрубонӣ аз баъзеи дигараш худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, (Ҳафса) гуфт: «чӣ касе туро аз ин хабар огоҳ кардааст?» Гуфт: Он Аллоҳи донои огоҳ ба ман хабар додааст, ки бар Вай чизе пинҳон намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\872
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\872
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ أَسَرَّ ٱلنَّبِيُّ إِلَىٰ بَعۡضِ أَزۡوَٰجِهِۦ حَدِيثٗا فَلَمَّا نَبَّأَتۡ بِهِۦ وَأَظۡهَرَهُ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ عَرَّفَ بَعۡضَهُۥ وَأَعۡرَضَ عَنۢ بَعۡضٖۖ فَلَمَّا نَبَّأَهَا بِهِۦ قَالَتۡ مَنۡ أَنۢبَأَكَ هَٰذَاۖ قَالَ نَبَّأَنِيَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡخَبِيرُ
Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре бозгуфт. Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор, кард ва аз ифшон баъзеи дигар рӯй тофт. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».
Tajik - Tajik translation