ﮜ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
[Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст
[Аллоҳ таоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ таоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [баҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед»
Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва ҳадафманд] офарид [ва] аз он чи [бо вай] шарик месозанд, бартар аст
[Аллоҳ таоло] Инсонро аз нутфае офарид ва он гоҳ ӯ ситезагари ошкор шуд
Ва чаҳорпоёнро бароятон офарид, ки дар онон пӯшиш [-и гарм] ва манофеъ [-и дигаре] аст ва аз [гӯшти бархе аз] онон мехӯред
Ва дар онҳо бароятон зебоӣ [ва шукӯҳ] аст, он гоҳ ки [онҳоро шомгоҳон] аз чаро бозмеоваред ва [бомдодон] барои чаро [ба саҳро] мефиристед
[Онҳо] Борҳои сангини шуморо [аз шаҳре] ба шаҳре мебаранд, ки [агар чунин намекарданд] ҷуз бо заҳмат додан ба бадани хеш наметавонистед ба он ҷо бирасед. Ба ростӣ, ки Парвардигоратон дилсӯзу меҳрубон аст
Ва аспону шутурон ва харонро [низ офарид] то бар онҳо савор шавед ва [низ бароятон мояи] таҷаммул [аст] ва чизҳое меофаринад, ки намедонед.
Бар Аллоҳ таоло аст, ки роҳи рост [ ислом]-ро [ба бандагонаш бинамояд] ва бархе аз он [роҳҳо] бероҳа аст; ва агар [Аллоҳ таоло] мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард
Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ фиристод, ки ошомидании шумо аз он аст ва [гиёҳ ва] дарахте, ки [чаҳорпоёни худро] дар он мечаронед, [низ] аз он [об] аст
[Аллоҳ таоло] Ба василаи он кишт ва зайтун ва дарахтони хурмо ва ангур ва ҳама навъ меваҳо[-и гуногун] бароятон мерӯёнад. Ба ростӣ, ки дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ва шабу рӯз ва хуршеду моҳро ба хидмататон гумошт; ва ситорагон [низ] ба фармонаш дар хидмат [-и инсон] ҳастанд. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои мардуме, ки хирадварзӣ мекунанд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ва он чиро, ки бароятон дар замин ба рангҳои гуногун офарид [низ ба хидмати шумо гумошт]. Бе тардид, дар ин [умур] барои мардуме, ки панд мегиранд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст.
Ӯст, ки дарёро ба хидмататон гумошт, то аз [сайди] он гӯшти тоза бихӯред ва аз он зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон] берун меоваред, ки мепӯшед; ва киштиҳоро дар он [дарё] мебинӣ, ки [амвоҷро] мешикофанд, то шумо аз фазл [-у бахшиши] Аллоҳ таоло баҳраманд гардед ва бошад, ки сипос гузоред
Ва дар замин кӯҳҳои устувор [ва муҳкаме] дарафканд, ки мабодо шуморо биларзонад ва ҷӯйборҳо [-е падид овард], то [бидуни гум шудан] роҳи худро биёбед
Ва нишонаҳое [барои ёфтани масирҳо дар тӯли рӯз офарид] ва тавассути ситора[-ҳо низ дар шаб] роҳёбӣ мекунанд
Оё он ки меофаринад, ҳамчун касе аст, ки [ҳеҷ] намеофаринад? Оё панд намегиред?
Агар [бихоҳед] неъмат[-ҳои] Аллоҳро бишморед, наметавонед онро ба шумораш дароваред. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва Аллоҳ таоло он чи пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад.
Ва онҳоеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба парастиш] мехонанд, чизеро намеофаринанд ва худ офарида мешаванд
Ин бутҳо дар ҳақиқат] мурдаанд на зинда; ва худ намедонанд, ки чи ҳангом барангехта мешаванд
Маъбуди шумо маъбуде ягона аст ва касоне, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкоркунанда [-и ҳақ] аст ва худ мутакаббиранд
Ҳатман, Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад
Ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Парвардигоратон чӣ чизе нозил кардааст?» Мегӯянд: «Афсонаҳои пешиниён»
[Ҳамчунон дар куфр мемонанд] То рӯзи қиёмат, [ҳам] бори гуноҳони худро ба тамомӣ бар дӯш кашанд ва [ҳам бахше] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯйи нодонӣ гумроҳашон кардаанд. Ҳон! Чи бад аст, он чи бар дӯш мекашанд!
Дар ҳақиқат, касоне, ки пеш аз онон буданд, низ найранг [ва бадандешӣ] карданд; пас, фармони Аллоҳ таоло даррасид, ки бунёдашонро аз асос барандохт ва сақф бар сарашон фурӯ рехт ва аз [ҳамон] ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд
Сипас рӯзи қиёмат [Аллоҳ таоло бо азобе дарднок] хорашон месозад ва мефамояд: «Куҷо ҳастанд шарикони ман, ки дар бораи онон [бо паёмбарон ва муъминон] ситез мекардед?» Касоне, ки ба эшон илм дода шудааст [уламои раббонӣ], мегӯянд: «Имрӯз хорӣ ва азоб насиби кофирон аст»
[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон [-и азоб] дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки [ба сабаби ширк дар дунё] ба худ ситам карда буданд. Пас, [онон дар ҳангоми марг] сари таслим фуруд меоваранд [ва мегӯянд:] «Мо ҳеҷ [кори] баде намекардем. Оре, мусалламан Аллоҳ таоло ба он чи мекардед доност
Пас, аз дарвозаҳои дузах ворид шавед [ки] ҷовидона дар он хоҳед буд; ва ба ростӣ, ҷойгоҳи гарданкашон чи бад аст!
Ва ба касоне, ки парҳезкорӣ карданд, гуфта мешавад: «Парвардигоратон [бар паёмбар] чи чиз нозил кардааст?» Онон мегӯянд: «Хайр [ва накуии бисёр]». Барои касоне, ки дар ин дунё некӣ кардаанд, [подош] накуӣ аст ва, ҳатман, сарои охират беҳтар аст; ва, ба ростӣ, чи накуст сарои парҳезкорон!
[Ҷойгоҳашон] Боғҳое [аз биҳишт] ҷовидон аст, ки ба он ворид мешаванд. Аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст [ва] дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст. Аллоҳ таоло парҳезкоронро чунин подош медиҳад
[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро меситонанд, ки [аз олудагии куфру гуноҳ] поканд [ва ба онон] мегӯянд: «Дуруд бар шумо. Ба подоши он чи мекардед, [инак] ба биҳишт дароед»
Оё [кофирон] ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон [барои қабзи рӯҳ] ба суроғашон биёянд ё фармони Парвардигорат [барои азобашон] биёяд? Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ] чунин мекарданд ва Аллоҳ таоло ба онон ситам накард, вале онон худ ба хештан ситам мекарданд
Пас, [кайфари] бадиҳое, ки карда буданд, гиребонгирашон шуд ва он чи масхара мекарданд, ононро фурӯ гирифт
Ва касоне, ки ширк варзиданд, гуфтанд: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ва на падаронамон чизеро ғайр аз Ӯ намепарастидем ва чизеро ҷуз ба [хосту фармони] Ӯ ҳаром намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ чунин карданд; пас, оё паёмбарон вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] доранд?
Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ таоло] дурӣ кунед». Пас, Аллоҳ таоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд. Пас, дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст
[Эй Паёмбар] ҳар андоза бар ҳидояти онон муштоқ бошӣ, [суде надорад, зеро] Аллоҳ таоло касеро, ки гумроҳ намояд, ҳидоят нахоҳад кард ва онон [ҳеҷ] ёваре надоранд
[Мушрикон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки: «Аллоҳ таоло касеро, ки мемирад, барнамеангезад». Оре, ин [барангехтани мурдагон] ваъдаест, ки бар ҳақ бар уҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд
[Ӯ мурдагонро зинда мекунад] То саранҷоми [ҳақиқати] он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд, барояшон равшан созад ва то касоне, ки куфр варзиданд, бидонанд, ки дурӯғгӯ будаанд.
Сухани Мо дар бораи чизе, ки иродаашро кардаем, фақат ин аст, ки ба он мегӯем: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад
Ва касоне, ки дар [роҳи] Аллоҳ таоло – пас аз он ки мавриди ситам воқеъ шуданд – ҳиҷрат карданд, дар дунё [дар сарзамин ва] маконе наку ононро ҷой медиҳем; ва яқинан подоши охират бузургтар аст. Агар [онон, ки аз ҳиҷрат худдорӣ карданд, подоши ин корро] медонистанд, [ҳаргиз аз ҳиҷрат бознамемонданд]
[Муҳоҷирон дар роҳи Аллоҳ таоло] касоне [ҳастанд], ки шикебоӣ намуданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Ва [эй Паёмбар] Мо пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем, [касеро ба рисолат] нафиристодем; пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед
[Он паёмбаронро] Бо далоили равшан ва китобҳо[-и осмонӣ фиристодем]; ва [Мо ин] Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар эшон нозил шудааст, равшан созӣ; бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешанд
Оё касоне, ки бадандешӣ [ва тавтеа] карданд, [аз ин] эмин ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] ононро дар замин фурӯ барад ё азоби [илоҳӣ] аз ҷойе, ки намедонанд, [ба суроғашон] биёяд?
Ё [он ки] ба ҳангоми рафту омадашон [гиребони] ононро бигирад? Пас, онон монеъ [-и расидани азоб] нестанд
Ё [он ки азоби илоҳӣ] дар ҳоле ки [аз он] метарсанд, гиребонгирашон шавад? Пас, бе тардид, Парвардигоратон дилсӯзи меҳрубон аст [ки дар муҷозотатон шитоб намекунанд]
Оё онон ба чизҳое [ҳамчун дарахтон ва кӯҳҳо], ки Аллоҳ таоло офарида аст, наменигаранд, ки [чи гуна бо ҳаракати хуршеду моҳ] сояҳояшон аз росту чап мегустурад ва дар ҳоле барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд, ки [дар баробараш] хоксоранд?
Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст – аз ҷунбандагону фариштагон - [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда меоваранд ва гарданкашӣ намекунанд
[Фариштагон] Аз Парвардигори хеш, ки [ба зот ва ғалаба ва қудраташ] болои онон аст, метарсанд ва он чӣ фармон дода мешаванд, ҳамон мекунанд
Ва Аллоҳ таоло фармуд: «Ду маъбуд [-ро барои худ ба парастиш] нагиред. Ҷуз ин нест, ки [маъбуди шумо] ҳамон Аллоҳи яктост; пас, танҳо аз ман парво кунед»
Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва парастишу фармондорӣ [низ] ҳамеша ва пайваста барои Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ таоло парво мекунед?
Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ таоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед
Сипас вақте он газандро аз шумо баратараф сохт, он гоҳ гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд
То саранҷом ба он чӣ ба эшон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] бархӯрдор шавед, ки ба зудӣ [натоиҷи кирдоратонро] хоҳед донист
Ва [мушрикон] аз он чӣ рӯзишон кардаем, барои чизҳое, ки ҳеҷ фаҳме надоранд [бутҳо] саҳме қарор медиҳанд. Ба Аллоҳ таоло савганд, ки дар бораи он ифтиро, ки мебастед, ҳатман, бозхост хоҳед шуд
Ва [онон фариштагонро] духтароне барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд – Ӯ муназзаҳ аст – ва он чиро майл доранд [писарон] барои худашон [қарор медиҳанд]
Ва ҳар гоҳ яке аз ононро ба [таваллуди] духтаре башорат диҳанд, дар ҳоле ки хашмашро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андӯҳ] тира мешавад
Аз бадӣ [ва нороҳатии] он чӣ ба ӯ мужда додаанд, аз қавм [-и хеш] пинҳон мешавад [ва бо худ меандешад, ки] оё ӯро бо сарафкандагӣ нигаҳ дорад ё дар хок пинҳонаш кунад. Ҳон! Чи бад доварӣ мекунанд!
Сифати зишт [-и чаҳлу куфр] барои касонест, ки ба охират имон надоранд ва сифати бартар аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст
Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба хотири зулмашон бозхост мекард, ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намегузошт; вале [кайфари] ононро то замони муайян ба таъхир меандозад; ва чун аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд
Ва [мушрикон] он чиро хуш надоранд барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд ва забонашон [чунин] дурӯғ месозад, ки [расттагорӣ ва] накуӣ аз они эшон аст. Ҳаққо, ки оташ насибашон аст ва онон, ҳатман, аз пешгомон [-и дузах] ҳастанд
[Эй паёмбар] Савганд ба Аллоҳ таоло, ки ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, [низ паёмбароне] фиристодем; пас, шайтон корҳояшонро барояшон орост; аз ин рӯ, имрӯз [низ дӯст ва] корсозашон ҳам ӯст ва барояшон азобе дарднок [дар пеш] аст
Ва [эй паёмбар] ин китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки [ҳақиқати] он чиро, ки [мардум] дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ ва ҳидояту раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд
Ва Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда кард. Ҳатман, дар ин амр барои мардуме, ки [сухани ҳақро] мешунаванд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ва [эй мардум,] дар [афзоиши] чаҳорпоён барои шумо ибрате аст: аз он чи дар шиками онҳост, аз миёни ғизоҳои ҳазмшуда ва хун шири холисе ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост
Ва [низ] аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур ҳам шароб [-и мастиовар] ва ҳам рӯзии наку [ва покиза] ба даст меоваред. Бе гумон, дар ин [амр] барои касоне, ки хирад меварзанд, нишонае [аз лутфу қудрати Парвардигор] аст
Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки: аз кӯҳҳо ва дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, [барои худ] хонаҳое баргир
Он гоҳ аз [шираи] тамоми меваҳо [ва гулҳо] бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона тай кун». Аз шиками онҳо шаҳде рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки меандешанд, нишонае [аз илму қудрати Парвардигор] аст
Ва Аллоҳ таоло шуморо офаридааст ва сипас ҷонатонро мегирад; ва бархе аз шумо ба фурӯтарини [даврони] умр [куҳансолӣ] мерасанд, чунончи пас аз донистани [бисёре чизҳо, дигар] чизе намедонанд [ва ҳамаро фаромӯш мекунанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло донову тавоност
Ва Аллоҳ таоло бархе аз шуморо бар бархе [дигар] дар [неъмату] рӯзӣ бартарӣ додаст; пас, касоне, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд, ки аз рӯзии худ ба бардагонашон бидиҳанд, то ҳамагӣ дар он [неъмату дороӣ] баробар шаванд. [Агар худ аз шарик безоранд, чаро барои Аллоҳ таоло шарик қарор медиҳанд?] Пас, оё [бо ин ширкварзӣ] неъмати Аллоҳро инкор мекунанд?
Ва Аллоҳ таоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?
Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд
Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед
Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуие бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд
Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]
[Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
[Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред
Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Аллоҳ таоло барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат [ва оромиш] қарор дод ва аз пушти чаҳорпоён [низ] бароятон хонаҳое [хаймаҳое] қарор дод, то рӯзи кӯч кардан сабукбор бошед ва рӯзи иқомататон [низ барпоияш осон бошад]; ва аз пашму курку мӯйҳояшон то муддате муайян [бароятон] асоси [хона] ва асбоб [-у васоили зиндагӣ] фароҳам кард
Аллоҳ таоло аз он чӣ офарид, сояҳое бароятон фароҳам овардааст ва аз кӯҳҳо [низ роҳҳо ва] паноҳгоҳҳое бароятон қарор додааст ва бароятон ҷомаҳое падид овардааст, ки аз [сармо] ва гармо нигоҳатон медорад ва [зиреҳҳо ва] танпӯшҳое, ки шуморо дар ҷанг[-ҳоя]-тон ҳифз мекунад. Ӯ, инчунин, неъматашро бар шумо тамом мегардонад; бошад, ки [дар баробари тавҳид] таслим шавед [ва ширк наварзед]
Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон] рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту [фақат] паёмрасонии ошкор аст
[Онон] неъмати Аллоҳро мешиносанд; он гоҳ [боз ҳам] инкораш мекунанд ва бештарашон носипосу кофиранд
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе [барояшон] бармеангезем; он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, на иҷозат [-и сухан гуфтан] дода мешавад ва на аз эшон дархости пузиш мешавад
Ва касоне, ки ситам карданд, ҳангоме ки азоби [охират]-ро мебинанд; на азобашон сабук мешавад ва на муҳлат дода мешаванд
Онон, ки ширк варзиданд, вақте шарикони худро мебинанд, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд он шариконе, ки мо ба ҷойи ту мехондем» ва[-ле шарикон] сухани ононро рад мекунанд, ки: «яқинан шумо дурӯғгӯед»
Дар он рӯз дар баробари Аллоҳ таоло сари таслим меафкананд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати ғайри Аллоҳ таоло] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад
Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба [кайфари] он ки фасод мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем
Ва рӯзе [-ро ёд кун], ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онон мегирем [ки ба куфру имонашон гувоҳӣ диҳад] ва туро [эй Муҳаммад] бар инон гувоҳ мегирем; ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусулмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст
Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред
Ва чун бо Аллоҳ таоло [ё мардум] паймон бастед, ба он вафо кунед; ва савгандҳои худро пас аз муҳкам сохтанашон нашканед, дар ҳоле ки Аллоҳро бар [вафодории] хеш гувоҳ қарор додаед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
Ва монанди он зан [-и нодоне] набошед, ки риштаи [пашмии тобидаи] хешро аз ҳам бозкушод [ва гусаст; пас, мабодо] савгандҳои худро василаи фиреби якдигар қарор диҳед [он ҳам танҳо] бад-ин сабаб, ки гурӯҳе [сарват ва] ҷамъияташон афзунтар аз дигаре аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло шуморо бо ин [кор] меозмояд ва яқинан рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон равшан месозад
Ва агар мехост, ҳамаи шуморо як уммат қарор медод, вале [бо адолати хеш] ҳар киро бихоҳад гумроҳ мекунад ва [бо фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят менамояд; ва шумо [рӯзи қиёмат], ҳатман, аз он чи мекардед, бозхост хоҳед шуд
Ва савгандҳоятонро василаи найранг [ва фиребгарӣ] миёни хеш қарор надиҳед, то мабодо [имонатон ба хатар афтад ва] гоме пас аз устувориаш билағжад ва ба сазои он ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштаед, [кайфари] ногуворе бичашед ва азобе бузург бароятон [дар пеш] бошад
Ва паймони Аллоҳро ба баҳои андак нафурӯшед. Агар бидонед, яқинан он чи назди Аллоҳ таоло аст, бароятон беҳтар аст
Он чи назди шумост, поён мепазирад ва[-ле] он чи назди Аллоҳ таоло аст, боқӣ [ва ҷовид] аст; ва, ҳатман, ба касоне, ки шикебоӣ кардаанд, аҷрашонро бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, хоҳем дод
Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем
Пас, [эй муъмин] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз [шарри] шайтони рондашуда ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар
Бе тардид, ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд [ҳеҷ] тасаллуте надорад
Тасаллути ӯ танҳо бар касонест, ки ӯро [дӯсту] корсози худ гирифтаанд ва [ҳамчунин бар] касоне, ки ба Аллоҳ таоло ширк меварзанд
Ва ҳангоме ки [ҳукми] оятеро ҷойгузини ояте [дигар] мекунем – ҳол он ки Аллоҳ таоло ба он чи нозил мекунад, донотар аст - [кофирон] мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] ҷуз ин нест, ки ту дурӯғбофӣ». [Чунин нест] Балки бештарашон [аз аҳкоми шаръ ва ҳикмати илоҳӣ чизе] намедонанд
Бигӯ: «Рӯҳу-л-қудус [Ҷабраил] онро аз ҷониби Парвардигорат бар ҳақ нозил кардааст, то касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам гардонад ва барои мусулмонон ҳидоят ва башорате бошад»
Ва яқинан медонем, ки онон мегӯянд: «Ҳатман, башаре [ин оётро] ба ӯ омӯзиш медиҳад». [На, чунин нест; зеро] забони касе, ки [ин] нисбатро ба ӯ медиҳад, ғайри арабӣ аст, ҳол он ки ин [Қуръон] ба забони арабии равшан аст
Яқинан, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон намеоваранд, Аллоҳ таоло ҳидояташон намекунад ва барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
[Муҳаммад дурӯғгӯ нест, балки] Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон надоранд ва инон дурӯғгӯён [-и воқеӣ] ҳастанд
Ҳар ки баъд аз имонаш ба Аллоҳ куфр биварзад [гирифтори азоби илоҳӣ хоҳад шуд]; магар касе, ки [ба ин кор] водор шуда бошад ва[-ле] дилаш ба имон ором [ва устувор] бошад; аммо ҳар ки синаашро ба куфр кушода кард, хашми Аллоҳ таоло бар онон аст ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд
Ин [муҷозот] аз он рӯст, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ доданд; ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
Инон касоне ҳастанд, ки [бар асари гуноҳонашон] Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшу чашмонашон муҳр ниҳодааст; ва инон ғофилон [-и воқеӣ] ҳастанд
Яқинан онон дар охират зиёнкоранд
Сипас Парвардигорат нисбат ба касоне, ки пас аз заҷр кашидан [аз озори мушрикон] ҳиҷрат карданд ва сипас ба ҷиҳод бархостанд ва шикебоӣ намуданд, Парвардигорат [нисбат ба онон] пас аз он [ҳама сахтиҳо], ҳатман, омурзандаи меҳрубон аст
[Эй паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки ҳар кас дар ҳоле [ба пешгоҳи адли илоҳӣ] меояд, ки [танҳо] аз худ дифоъ мекунад; ва ҳар кас дар баробари он чи кардааст, бе каму кост подош мегирад ва бар онон ситам намеравад
Ва Аллоҳ таоло шаҳре [ҳамчун Макка]-ро мисол мезанад, ки амну ором буд ва рӯзиаш аз ҳар сӯ ба осонӣ ва фаровонӣ мерасид, вале [мардумонаш] нисбат ба неъматҳои илоҳӣ носипосӣ намуданд ва он гоҳ Аллоҳ таоло низ ба сазои он чи мекарданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба [аҳли] он чашонид
Ва паёмбаре аз худшон ба сӯйи онон омад, аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд; он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [ва мушрик] буданд, азоби [илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт
Пас аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиатон кардааст, ҳалолу покиза бихӯред ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред
Ҷуз ин нест, ки [Аллоҳ таоло] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шудааст, бар шумо ҳаром кардааст; пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷонаш ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, [бар ӯ гуноҳ нест, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва [эй мушрикон] бо дурӯғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад, нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандед. Касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, ҳаргиз растагор намешаванд
[Натиҷаи дунёдӯстияшон] Баҳрае андак аст ва [дар охират] азобе дарднок [дар пеш] доранд
Ва бар яҳудиён он чиро пештар бар ту ҳикоят кардем, ҳаром намудем ва Мо ба онон ситам накардем; балки онҳо худ [буданд, ки дар натиҷаи нофармонӣ] ба хештан ситам мекарданд
Он гоҳ Парвардигорат нисбат ба касоне, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ карданд ва сипас аз он [иштибоҳот] тавба намуданд ва дурусткорӣ карданд, ҳатман, Парвардигорат пас аз он омурзандаи меҳрубон аст
Бе гумон, Иброҳим пешвое фурӯтан дар баробари Аллоҳ таоло ва ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
Ӯ шукргузори неъматҳои Аллоҳ таоло буд. [Аллоҳ таоло] Вайро баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят намуд
[Мо] Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва, ҳатман, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон аст
Сипас [эй Паёмбар] ба ту ваҳй кардем, ки аз оини Иброҳим пайравӣ кун, ки ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
[Вуҷуби бузургдошти рӯзҳои] Шанбе танҳо бар касоне қарор дода шуд, ки дар он ихтилоф карданд; ва, ҳатман, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард
[Эй Паёмбар, мардумро] Бо ҳикмат ва панди наку ба роҳи Парвардигорат даъват намо ва бо равише, ки накутар аст, бо онон [баҳсу] мунозира кун. Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуд, донотар аст ва ӯ ба [ҳоли] ҳидоятёфтагон [низ] донотар аст
Ва агар [шумо муъминон] хостед [душманонатонро] муҷозот кунед, пас, чунон муҷозот кунед, ки [онон] шуморо муҷозот кардаанд; ва агар [хештандорӣ ва] шикебоӣ кунед, [бидонед, ки] ҳатман, ин [кор] барои шикебоён беҳтар аст
Ва [эй Паёмбар] шикебоӣ пеша кун ва шикебоият ҷуз ба [ёрӣ ва] тавфиқи Аллоҳ таоло нест; ва бар онон [кофирон] андӯҳ махӯр ва аз найранге, ки меварзанд, дилтанг мабош
Бе тардид, Аллоҳ таоло бо касоне аст, ки парҳезкорӣ карданд ва касоне, ки накукоранд