ترجمة سورة الفيل

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الفيل باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард?
Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод?
Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод
[Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд
Пас, онҳоро ҳамчун коҳи ҷавидашуда сохт
Icon