Оё ҳангоми он фаро нарасидааст, ки дилҳои муъминон ба ёди Аллоҳ таоло ва каломи ҳаққе, ки нозил шудааст, фурутан шавад ва ҳамчун касоне набошанд, ки қаблан аҳли китоб буданд ва чун [аз биъсати паёмбаронашон] замоне тӯлонӣ бар онон гузашт, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онон аз динашон мунҳариф шуданд?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
16. Оё барои он касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд, вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Аллоҳ ва шунидани сухани ҳақ (Қуръон), ки нозил шудааст, нарм гардад? Ва низ монанди касоне (яъне, яҳуду насоро) набошанд, ки пеш аз ин Қуръон ба онҳо китоб дода шудаааст ва рӯзгор бар онҳо дароз омад, каломи Аллоҳро табдил доданд, онгоҳ дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онҳо фосиқонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\37. Ин оят далел аст бар ин ки мӯъминон дар шунидани каломи Аллоҳ фурӯтан бошанд ва низ аз мушобиҳат ба яҳуду насоро дар ҳазар бошанд, зеро ки боиси сахтдилӣ ва берун омадан аз тоъати Аллоҳ мешаванд.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\37. Ин оят далел аст бар ин ки мӯъминон дар шунидани каломи Аллоҳ фурӯтан бошанд ва низ аз мушобиҳат ба яҳуду насоро дар ҳазар бошанд, зеро ки боиси сахтдилӣ ва берун омадан аз тоъати Аллоҳ мешаванд.
الترجمة الطاجيكية
۞أَلَمۡ يَأۡنِ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن تَخۡشَعَ قُلُوبُهُمۡ لِذِكۡرِ ٱللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ ٱلۡحَقِّ وَلَا يَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلُ فَطَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَمَدُ فَقَسَتۡ قُلُوبُهُمۡۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ
Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробарӣ ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (моил, мутеъ, ҳозир) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд.
Tajik - Tajik translation