ترجمة سورة الماعون

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الماعون باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Оё дидаӣ онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурд?
2. Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба хорӣ аз худ меронад.
3. Ва мардумро ба таъом додан ба бенавоён тарғиб намекунад. Пас чӣ гуна ӯ аз ҷониби худ вайро таъом диҳад?
4. Пас вой, бар он намозгузорон,
5.ҳамон касоне ки аз намози худ дар ғафлатанд ва ба тамоми ҳуқуқҳояш онро баҷо намеоранд ва дар вақташ адо наменамоянд.
6.Онон, ки бо амалҳои хуб риё мекунанд
7.ва аз додани моъун(1) саркашӣ мекунанд.
Пас онҳо на ибодати Парвардигорашонро ба хубӣ баҷо меоранд ва на ба мардум некрафторанд.
____________________
1. Асбоби рӯзгор, зарфҳо, ё закот
Icon